Мураббии шоистаи СССР ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Назаров, ки моҳи гузашта 70-солагии худро таҷлил намуд, сармураббии дастаи “Хайр”-и Ваҳдат таъин шуд. Ин хабарро президенти клуб Қутбиддин Хайров ба сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон тасдиқ кард. Қобили қайд аст, ки зери роҳбарии Шариф Назаров дастаи маъруфи “Помир”-и Душанбе соли 1988 унвони чемпиони лигаи якуми СССР-ро соҳиб шуда, ба лигаи олӣ роҳхат гирифт. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бошад, мунтахаби миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Шариф Назаров соли 2006 ғолиби “Ҷоми даъват”-и Конфедератсияи футболи Осиё шуд.
Шариф Назаровро дар клуби футболи “Хайр” Исроил Идиев ва мураббӣ-бозигар Мирзобек Мирзоев кӯмак мекунанд. Шариф Назаров аллакай корро дар клуб оғоз намуда бо дастаи нави худ чанд машғулияти машқӣ гузаронд.
Ёдрас мешавем, ки дар даври якуми чемпионати ҷашнии 25-уми Тоҷикистон, ки рӯзи 8 апрел оғоз мешавад, “Хайр” дар майдони худ “Ҳосилот”-и Фархорро қабул мекунад.