Сеюмин лоиҳаи барномаи “Футбол ба назди шумо меояд!” дар амал – Федерация Футбола Таджикистана

Сеюмин лоиҳаи барномаи “Футбол ба назди шумо меояд!” дар амал

Рӯзи сешанбеи 13 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ марҳилаи ниҳоии сеюмин мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Душанбе байни дастаҳои футболи кӯчаҳои шаҳр аз рӯи барномаи “Футбол ба назди шумо меояд!” оғоз шуд.

Хурсандиовар аст, ки сабқати мазкур ба ҳукми анъана даромада, соли сеюм аст, ки аз ҷониби Федератсияи футболи Душанбе ташкилу баргузор гардониа мешавад. Дар сабқати имсола марҳилаҳои аввалии мусобиқа дар 14 микрорайони шаҳр ташкилу баргузор карда шуда, дар онҳо бештар аз 1500 нафар кӯдакон ширкат карданд. Мусобиқа дар ин марҳилаҳо бисёр шавқовару ҷаззоб сурат гирифта, ҳар як даста хоҳиши зиёди ба марҳилаи баъдии сабқат баромаданро дошт. Ба ин тартиб 17 дастаи беҳтарин ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Ғолиб дар 5-умин мусобиқаи байналмилалии “Тӯби чармин”, ки аз 12 то 19 октябр дар Геланджики Федератсияи Русия баргузор мешавад ширкат мекунад.

Дар маросими ботантанаи ифтитоҳи ин мусобиқа Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев ширкат намуда, ба футболбозони наврас барору комёбиҳо таманно намуд.

01

Добавить комментарий