Кумитаи интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон сармураббии «Хуҷанд»-и Хуҷанд Нумонҷон Юсуповро барои се бозӣ барканор сохта, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баст. Ҷаласаи Кумитаи интизомӣ имрӯз, 19 май, таҳти раёсати раиси кумита Тоҳир Нуров баргузор шуда, қарори мазкурро қабул кард.
Ин ҷазоро Кумитаи интизоми ФФТ ба сармураббии «Хуҷанд» барои ҳайати доваронро таҳқир намуданаш дар бозии даври шашуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» –«Хуҷанд» (1:1) раво донист. Дар охири бозӣ ёвари аввали сардовари бозӣ Исматулло Муминов голи аз ҷониби ҳамлагари «Хуҷанд» Дилшод Бозоров задашударо дар ҳолати ғайрибозӣ (офсайд) муайян кард. Нумонҷон Юсупов нисбати ин қарори қабулкардаи ёвари аввали сардовар норозигӣ баён намуд. Баъди ин, сардовари бозӣ Диловаршоҳ Орзуев сармураббии «Хуҷанд»-ро аз минтақаи техникӣ ба нишастгоҳи мухлисон равон кард.
Ҳамин тариқ, Нумонҷон Юсупов наметавонад дар се бозии боқимондаи қисми якуми чемпионати Тоҷикистон бо «Хайр»-Ваҳдат (24 май) бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа (20 июн) ва бо «Барқи тоҷик»-и Душанбе (27 июн) дастаи худро роҳбарӣ кунад.