Бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 байни «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ ва «Истиқлол»-и Тоҷикистонро дар гурӯҳи «В» ҳайати доварон бо роҳбарии сардовар Сухбир Сингх аз Сингапур хизматрасонӣ мекунанд.
Сухбир Сингхро дар канори майдон Арун Пилаи ва Асит Саркар (хар ду аз Ҳиндустон) кӯмак мерасонанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Сауд Али Ал-Адба аз давлати Қатар ба зимма дорад. Нозири доварон Авни Абдулкарим Саид Ҳусейн аз Урдун ва комиссари бозӣ Муҳамадризо Касроӣ аз Эрон таъин шуданд.
Рефери 33-солаи ФИФА аз Сингапур Сухбир Сингх бозиҳои байналмилалиро сар аз соли 2009 хизматрасонӣ мекунад. Дар ин давра Сингх 23 бозии расмии байналмилалиро доварӣ карда аст. Дар ин 23 бозӣ Сингх 7 маротиба ҷаримаи пеналтӣ таъин намуда, 82 маротиба ба бозигарон корти зард ва 9 маротиба корти сурх нишон додаст.
Ёдрас мешавем, ки вохӯрӣ байни «Нафит Ал-Васат» (Ироқ) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) рӯзи сешанбеи 15 март бо сабаби вазъи ноороми Ироқ дар варзишгоҳи бетараф, дар Теҳрони Эрон доир мешавад. Оғози бозӣ соати 16:30 ба вақти Душанбе.