Конфедератсияи футболи Осиё санаи баргузории марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016-ро барои мунтахабҳои зери 19 сола тағйир дод.
Қаблан қарор шуда буд, ки марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 барои дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19 сола аз 2 то 10 октябри соли ҷорӣ доир гардонида шавад. Аммо Конфедератсияи футболи Осиё рӯзҳои 8 ва 13 октябр доир гардидани марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018-ро бо иштироки тимҳои миллӣ ба инобат гирифта, баргузории марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016-ро байни дастаҳои мунтахаби зери 19 сола ба вақти дигар гузаронид. Акнун қарор шуд, ки чемпионати мазкур аз 28 сентябр то 6 октябр гузаронида шавад.
Қайд мекунем, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон пешакӣ барои дар Тоҷикистон гузаронидани марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 ба Конфедератсияи футболи Осиё дархости расмӣ ирсол кард. Ба сифати макони баргузории ин мусобиқа ФФТ Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявиро, ки 20 ҳазор ҷои нишаст дошта, барои гузаронидани ҳама гуна бозиҳои байналмилалӣ ҷавобгӯи тамоми талаботҳои КФО ва ФИФА мебошад, пешниҳод намуда аст. Дар ояндаи наздик қарор оиди макони баргузории ин сабақати бонуфузи байналмилалӣ аз ҷониби КФО қабул карда мешавад.