Сабқати байналмилалии футболи хурд дар Қайроққум – Федерация Футбола Таджикистана

Сабқати байналмилалии футболи хурд дар Қайроққум

Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19 май дар маҷмааи варзишии “Шоҳин”-и шаҳри Қайроққум сабқати байналмилалӣ оид ба футболи хурд оғоз шуд. Дар мусобиқа  дастаҳои футболи хурди ниҳодҳои қудратии Тоҷикистону Русия ва Қазоқистону Қирғизистон ширкат мекунанд. Мусобиқа дар чаҳорчӯби кишварҳои узви Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсози ҷамъиятҳои “Динамо”-и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зери шиори “Варзиш – алайҳи нашъамандӣ” баргузор мегардад.

Мусобиқаро муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода ҳусни оғоз бахшида аз ҷумла чунин қайд кард: “Варзиш на танҳо гарави саломатӣ, балки сафири сулҳ ва омили муҳими таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ мебошад. Боварӣ дорам, ки ин мусобиқа ба ҳамкорӣ ва муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои иштирокчиро боз ҳам таҳким мебахшад”.

Дар аввалин бозии байни дастаҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон мизбонон ба дарвозаи футболбозони қазоқ ду гол зада, бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуданд. Мусобиқа то 22 май идома меёбад.

Добавить комментарий