Рӯзи шанбеи 22 август дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷоизаҳои мураббии шоистаи Тоҷикистон Владимир Ғуломҳайдаров бо ғалабаи футболбозони навраси Мактаби ҷумҳуриявии маҳораташ олии варзишӣ (РШВСМ) анҷом ёфт.
Дар мусобиқаи анънавӣ барои дарёфти ҷоизаҳои Ғуломҳайдаров ҳашт даста ширкат карданд. Дар марҳилаи пешакӣ дастаҳо ба ду гурӯҳи чор дастаӣ тайсим шуданд. Дастаҳои футболи РШВСМ ва “Хуҷанд” ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар бозии ниҳоӣ бошад, муборизаи баробар сурат нагирифт ва футболбозони навраси РШВСМ зери роҳбарии Сафаралӣ Раҳмонов бо ҳисоби бузурги 6 бар 0 пирӯз шуданд. Дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаи “Гимназияи МИИ” бар “Солор” бо ҳисоби минималии 1 бар 0 дастболо гардид.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ҷому медалҳо ва диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.Ҷовид Фузайлов («Гимназияи МИИ»), Диловар Ғаюров («Солор»), Муҳаммадворис Саидалиев («Авиатор») ва Абдураҳмон Абдукаримов («Хуҷанд») беҳтарин бозигарони мусобиқа эътироф шуданд. Инчунин ба бозигарон Далер Каримов («Хуҷанд»), Ҷаҳонгир Шодиев («Гимназияи МИИ»), Фахриддин Ибодов («Солор»), Хуршед Қаюмов и Файзиддин Наҷмов (ҳар ду аз РШВСМ) аз ҷониби собиқадори футболи тоҷик Азим Яқубов тӯҳфаҳои махсус супорида шуд.