Мураббии калони мунтахаби миллии Тоҷикистон Роман Пилипчук дар нишасти хабарии пас аз бозии даври ҷамъбастии марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 дар гурӯҳи “В” байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон (0:1) сабабҳои бохти мунтахаби миллии Тоҷикистонро шарҳ дод.
Роман Пилипчук, мураббии калони мунтахаби миллии Тоҷикистон:
– Пеша аз ҳама, мехоҳам назди мухлисон барои чунин бозӣ узрхоҳӣ намоям. Бозиро бохтан ҳамеша аламовар аст ва дар майдони худ бохтан ин аламро дучанд мегардонад. Ҳар хеле набошад, дар ин вохӯрӣ ҳисоб ба бозӣ мувофиқ нест. Дар дақиқаҳои аввал мо лаҳзаҳои хуби голзанӣ доштем, ки онҳоро бояд амалӣ мегардондем. Аз ин гуна имкониятҳо бояд пурра истифода намуд. Ба таври дигар дар ин гуна бозиҳо ғолиб шудан мушкил аст. Дар қисми дуюм бошад, бозии чигил ва бе сару нӯг ҷараён гирифт. Бозигаронамон, ки дар ивазшавӣ ба майдон баромаданд, натавонистанд бозии дастаро тақвият бахшанд.
– Лаҳзаҳоеро, ки дар дақиқаҳои аввали вохӯрӣ ҳамлагар Аҳтам Ҳамроқулов натавонист ду голро вориди дарвозаи меҳмонон созад, чӣ гуна шарҳ медиҳед?
– Футболбозро барои оне ки аз лаҳзаи мувофиқ истифода карда гол зада натавонист гунаҳкор намудан нодуруст аст. Мо наметавонем, бигӯем, ки ӯ қасдан нахост, ки гол бизанад ва тӯбро ба дарвозабон зад. Имрӯз дар баъзе ҳолатҳо кори мо омад накард. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар бист дақиқаи аввал дастаи мо хеле хуб ҳунарнамоӣ кард. Ҳар гунае ки набошад, мондашавии бозигарон вобаста ба парвози дурудароз ба Австралия ҳис мешуд. Ман фикр мекунам, ки худи шумо низ инро эҳсос намудед. Дар 20 дақиқаи аввали вохӯрӣ бозӣ хеле хуб буд, аммо баъдтар бозӣ ранги дигар гирифт. Илова бар ин ба ҳайати имрӯзӣ мо бозигаронеро низ шомил гардонидем, ки ба Австралия нарафта буданд. Парвиз Умарбоев имрӯз бисёр хуб бозӣ кард. Мо ӯро иваз кардан нахостем, аммо худи Парвиз инро хоҳиш кард. Ихтилоҷи (кашиши) рагҳои хунгарди пой ба Парвиз имконият надод, ки ҳатто ҳаракат кунад ва моро зарур афтод, ки ӯро бо Хуршед Маҳмудов иваз намем. Баъди ивазшавии Парвиз бозии бачаҳои мо суст шуд.
— Сабабҳои асосии бохти имрӯзаро номбар карда метавонед?
— Ҳамеша мегӯянд, ки футболбозон ғалаба мекунанду мураббӣ мағлуб мешавад. Аз ин рӯ, сабабҳои бохтро дар худ ҷустан лозим аст, ки чӣ боис шуду мо мағлуб шуда, ғалаба карда натавонистем. Бачаҳо хоҳиши зиёди ғолиб шуданро доштанд ва дар бохт онҳоро гунаҳкор донистан аз рӯи адолат нест. Онҳо кӯшиш карда, кори аз дасташон меомадаро иҷро намуданд. Мо аз онҳо танҳо миннатдорему халос. Барои натиҷа бошад мо, мураббиён, ҷавоб мегӯем.
— Мухлисон боварӣ доштанд, ки дар ин дерби мунтахаби мо ғолиб мешавад…
— Бисёр мехостем, ки ғолиб шавем, аммо нашуд. Баъди аз Австралия баргаштани бачаҳо дар ду тамрини аввалӣ дида мешуд, ки онҳо зиёд хаста шудаанд ва бозии навбатӣ барояшон ниҳоят мушкил мешавад. Мо имрӯз бозиро бо ду ҳалагар оғоз кардем ва умед доштем, ки онҳо ба задани гол муваффақ мешаванд. Вале, мутаассифона ба ҳадафҳоямон муваффақ нашудем. Ба задани гол муваффақ нашудем, вале бозигарони ҳариф аз як лаҳзаи дар қисми аввал созмондодаашон истифода карданд. Аммо ба ҳар сурат мо худро сафед намекунем. Барои натиҷа мураббӣ ҷавоб мегӯяд. Бозиро, ки бохтем, мо, мураббиён, гунаҳкорем.
— Барои ба муваффақият расидани мунтахаби миллии Тоҷикистон дар ин бозӣ чӣ нарасид?
— Боз ҳам такрор мекунам, ки имрӯз бахт ҷониби мо нахандид ва андаке корамон омад накард. Мо ин зарбаро қабул мекунем. Ба футболбозон ҳайфам меояд. Ман дар хонаи либосивазкунӣ дидам, ки чеҳраи ҳар яки онҳо мушавваши аст. Онҳо бозиро муҳокима мекарданд. Ҳатто дар чашмони баъзеашон ашк дида мешуд, ки лаҳзаҳои хуби голзаниро амалӣ карда натавонистанд. Онҳо ҳис мекарданд, ки агар лаҳзаи голзаниро амалӣ мекарданд, голи задашуда барояшон қувваи нав ва рӯҳи тоза мебахшид. Аммо баръакс шуд. Голи ба дарвозаи мо задашуда монанди нокдаун дар бокс шуд ва аз ин ҳолат баромадан барои бачаҳо душвор гашт. Мехостам ҳар чӣ зудтар бозигарон аз ин ҳолат бароянд. Ба ҳамаи мухлисоне, ки дар варзишгоҳ моро ҷонибдорӣ намуданд, бори дигар изҳори сипосгузорӣ баён мекунам. Аламовар он аст, ки мо мухлисонамонро шод карда натавонистем.