Собиқ мураббии калони мунтахаби миллии Тоҷикистон, мутахассиси украинӣ Роман Пилипчук дар ситоди мураббиёни бошгоҳи футболи «Спартак»-и Москва ба кор оғоз кард.
Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи футболи «Спартак» хабар медиҳад. Роман Пилипчук ба ҳайаси бозигар дар дастаҳои футболи «Текстилшик» (Иваново), «Динамо» (Москва), «Спартак» (Владикавказ) ва “Маккаби” (Гертслин) баромад кардаст. Карераи бозигарияшро дар «Металлург»-и Донетск ҷамъбаст намуд.
Роман Пилипчук ба ҳайси мурббӣ дар дастаҳои «Заря» (Луганск), «Шинник» (Ярослав), «Дачия» (Кишинёв), «Балтика» (Калининград), «Динамо» (Москва), «Олимпик» (Донетск) ва «Спартак» (Юрмала) фаъолият намудаст. Вақтҳои охир Пилипчук дар вазифаи мураббии калони мунтахаби миллии Тоҷикистон кор кардаст.