Мураббии калони мунтахаби миллии Тоҷикистон, мутахассиси 48-солаи украинӣ Роман Пилипчук охири ҳафтаи гузашта ба Душанбе омад. Мавсуф дар ду бозии даври 11-уми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ иштирок намуда, бозии номзадҳо ба тими миллии кишварро тамошо кард.
Роман Пилипчук, ки дар мунтахаби миллии Тоҷикистон вазифаи ёварии Мубин Эргашевро ба зимма дорад, дар ду бозии даври 11-уми чемпионати Тоҷикистон иштирок намуда, аз бозии номзадҳо ба узфияти тими миллии мамлакат дидан кард. Мутахассиси украинӣ дар вохӯрии КМВА “Помир” – “Далерон” (1:0) ва “Истиқлол” – Хайр” (8:0) ширкат дошт.
Ёдовар мешавем, ки Роман Пилипчук, муҷаввизи мураббигарии “Pro”-ро дорад ва дар вақташ дар дастаҳои футболи “Динамо” (Москва), “Металлург” (Донетск) ва инчунин дар се клуби футболи маъруфи давлати Исроил, аз ҷумла “Маккаби” бозӣ кардаст. Пилипчук карераи мураббигарияшро дар клуби “Металлург” (Донетск, Украина) оғоз намудаст. Вай инчунин дар ситоди мураббиёни клубҳои “Кривбасс” ва “Зари” фаъолият доштаст. Соли 2008 ёвари сармураббии “Шинник” (Ярослав, Русия) буд. Соли 2009 ба ҳайси сармураббӣ дар “Дачи” (Молдова) ва соли 2010 ба сифати мураббии калони “Балтика” (Калининград, Русия) фаъолият кардаст. Дар мавсими футболи солҳои 2011-2012 дар “Динамо”-и Москва ба ҳайси ёвари Сергей Силкин кор кардаст. Солҳои 2012-2013 сармураббии “Олимпик” (Донетск, Украина) буд. Клуби охирине, ки Пилипчук дар он фаъолият дошт, “Спартак” (Юрмала, Латвия) мебошад. Аз охири моҳи июл мураббии калони мунтахаби миллии Тоҷикистон таъин шуд.