Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) раддабандии нави мунтахабҳои миллиро интишор сохт. Дар муқоиса бо рӯйхати қаблӣ (ҷои 141-ум) Тоҷикистон ду зина поин шуда, дар зинаи 143-юм қарор дорад.
Шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев 175 имтиёз доранд, ки нисбати моҳи гузашта 17 имтиёз камтар мебошад. Дар байни мунтахабҳои осиёӣ Тоҷикистон дар ҷои 22-юм меистад. Ёдовар мешавем, ки моҳи гузашта дружинаи Муҳаммадиев ду бозии дӯстона гузаронида, бар мунтахаби Малдив дар Мале бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуда, аз Сурия дар Душанбе бо ҳисоби 2 бар 3 мағлуб шуд.
Он гуна, ки қаблан хабар додем, дар қуръакашии ҶҶ-2018, ки рӯзи 14-уми март дар Куала-Лумпури Малайзия баргузор мешавад, тими миллии Тоҷикистон дар сабади сеюм «шинонида» мешавад ва бо мунтахабҳои Афғонистон, Филиппин, Фаластин, Малдив, Таиланд, Лубнон ва Ҳиндустон дар як гурӯҳ бозӣ намекунад.
Чемпиони феълии ҷаҳон – мунтахаби Олмон дар зинаи аввали раддабанди ФИФА меистад. Мунтахабҳои Аргентина, Белгия, Колумбия, Бразилия, Ҳоланд, Португалия, Уругвай, Швейтсария ва Испания ба даҳгонаи беҳтарини раддабандӣ дохил мешаванд.
Мунтахаби Бутан дар ин раддабандӣ якбора 46 зина боло шуда, акнун ҷои 163-юмро ишғол мекунад. Мунтахаби Каледонияи Нав бошад, 23 зина поин шуда, айни замон дар ҷои 101-ум қарор дорад.
Тафсири навбатии раддабандии ФИФА 7 май интишор мешавад.
Салом дустон! Бовар мекнен ба и бозиётон хичи кор када наметонен! Бозингарои хуб надорен! Бозингарои бехтарин дар куча бози мекнан! Увора бояд дастгири кнен! Ма бешухи мегум! И гапои ма нест! И гапи шохи футбол Пеле хаст! Фикр кнен!