Дар феҳристи тозаинтишори ФИФА мунтахаби милии Тоҷикистон чор зина боло шуда, айни ҳол бо 173 имтиёз дар зинаи 139 қарор дорад.
Миёни мунтахабҳои Қораи Осиё бошад, дружинаи Муҳаммадиев як зина боло шуда, ҷои 21-умро ишғол мекунад. Рақибони мунтахаби мо дар марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 дар гурӯҳи “В” дар раддабандии ФИФА ба ин тартиб ҷойгир шудаанд: Австралия – зинаи 63-юм, Урдун-зинаи 103-юм, Бангладеш-зинаи 166-ум ва Қирғизистон дар ҷои 177-ум.
Дар даҳгонаи аввали феҳристи ФИФА якчанд тағийротҳо ба амал омаданд. Белгия Аргентинеро пеш гузашта ба зинаи дуюм баромад. Мунтахаби Фаронса бошад, ба даҳгонаи аввал шомил гардид. Ҳамватанони Зинетддин Зидан айни ҳол мақоми нуҳӯми раддабандии ФИФА-ро ишғол мекунанд. Мунтахаби Швейтсария ду зина поин шуда, ба ҷои 11-ум фаромад. Рейтинги ФИФА-ро чун пештара мунтахаби Олмон сарварӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки мунтахабии миллии Тоҷикистон бозиҳои расмии худро дар доираи марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 рӯзи 11 июн дар Душанбе бо мунтахаби Урдун ва рӯзи 16 июн дар Дакка бо мунтахаби Бангладеш мегузаронад. Дар сурати муваффақият дар ин бозиҳо, командаи Муҳсин Муҳаммадиев имконият дорад дар феҳристи ояндаи ФИФА, ки 9 июл нашр мешавад, мавқеашро беҳтар гардонад.