Имрӯз, 5 июн, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё Куала-Лумпури Малайзия қуръакашии марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 байни мунтахабҳои наврасони зери 16-сола ва ҷавонони зери 19-сола доир гардид.
Қуръакашӣ маълум кард, ки мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи “Е” бо ҳамсолони худ аз Ироқ, Қатар ва Туркманистон рақобат мекунад. Марҳилаи интихобии мусобиқа дар гурӯҳи “Е” аз 16 то 20 сентябри соли ҷорӣ дар Дохаи Қатар баргузор мешавад. Мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистонро сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ба ин мусобиқа омода мекунад.
Ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 (U-16), ки дар Ҳиндустон доир мегардад, ғолибони ҳамаи 11 гурӯҳ ва боз 4 дастаи зинаи дуюми нишондиҳандаҳояшон баланд аз ҳамаи гурӯҳҳо роҳхат мегиранд.
Дружинаи Салоҳиддин Ғафуров – мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон, ки мизбони гурӯҳи “F” аст, бо мунтахабҳои ҷавонони Ироқ, Баҳрайн ва Малдив рақобат мекунад. Марҳилаи интихобӣ дар ин гурӯҳ аз 2 то 6 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мегузарад.
Ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 (U-19), ки соли оянда дар Баҳрайн доир мегардад, ғолибони ҳамаи 10 гурӯҳ ва боз аз ҳамаи гурӯҳҳо 5 дастаи ҷои дуюми соҳиби нишондиҳандаҳои баланд, роҳхат мегиранд.
Ҳаминро қайд мекунем, ки агар мунтахаби ҷавонони Баҳрайн, ки мизбони марҳилаи ниҳоии мусобиқа аст, дар гурӯҳи мо ҷои аввалро соҳиб шавад ва ё ба қатори панҷ дастаи соҳиби нишондиҳандаҳои баланди ҳамаи гурӯҳҳо шомил гардад, он гоҳ дастаи шашуми дорои нишондиҳандаҳои баланд ба мусобиқа роҳ меёбад.
Натоиҷи қуръакашии марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 барои мунтахабҳои наврасони зери 16-сола (U-16):
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: Узбекистон, Яман, Фаластин (мизбон), Малдив.
Гурӯҳи «В»: Непал, Умон, Қирғизистон (мизбон), Урдун.
Гурӯҳи «C»: Катар (мизбон), ТОҶИКИСТОН, Ироқ, Туркманистон.
Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, АМА, Покистон, Бангладеш (мизбон).
Гурӯҳи «E»: Эрон (мизбон), Баҳрайн, Ҳиндустон, Лубнон.
Гурӯҳи «F»: Сурия, Кувайт (мизбон), Афғонистон, Шри-Ланка.
Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи «G»: Малайзия, Лаос, Филиппин, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ, Тимори Шарқӣ.
Гурӯҳи «H»: ҶХДК, Таиланд, Сингапур, Камбоҷа.
Гурӯҳи «I»: Куриёи Ҷанубӣ, Чин, Тайбэйи Чин, Макао.
Гурӯҳи «J»: Австралия, Ветнам, Мянма, Гуам.
Гурӯҳи «K»: Ҷопон, Гонконг, Бруней, Муғулистон.
Натоиҷи қуръакашии марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 барои мунтахабҳои ҷавонони зери 19-сола (U-19):
Минтақаи Ғарб
Группа «A»: Узбекистон, Бангладеш, Покистон, Шри-Ланка (мизбон), Бутан.
Гурӯҳи «B»: Яман, Арабистони Саудӣ (мизбон), Туркманистон, Сурия.
Гурӯҳи «С»: АМА, Фаластин (мизбон), Ҳиндустон, Афғонистон.
Гурӯҳи «D»: Қатар (мизбон), Умон, Лубнон, Қирғизистон.
Гурӯҳи «E»: Эрон (мизбон), Кувайт, Урдун, Непал.
Гурӯҳи «F»: Ироқ, Баҳрайн, Малдив, ТОҶИКИСТОН (мизбон).
Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи «G»: Мянма, Ветнам, Гонконг, Бруней, Тимори Шарқӣ.
Гурӯҳи «H»: Таиланд, Куриёи Ҷанубӣ, Сингапур, Тайбэйи Чин, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ.
Гурӯҳи «I»: ҶХДК, Чин, Малайзия, Макао.
Гурӯҳи «J»: Ҷопон, Австралия, Филиппин, Лаос.