Рақиби командаи Муҳсин Муҳаммадиев дар бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2018 мунтахаби миллии Урдун имрӯзҳо дар Стамбули Туркия ҷамъомади таълимию машқӣ мегузаронад.
Дар доираи омодагӣ ба бозӣ бо Тоҷикистон рӯзи 5 июн мунтахаби Урдун бо тими миллии Кувайт бозии санҷишӣ гузаронд. Вохӯрӣ бо ҳисоби баробари 2 бар 2 анҷом шуд. Дар ин бозӣ Урдун бо ҳисоби 2 бар 0 пешсаф буд, аммо дар қисми дуюм футболбозони кувайти матонат нишон дода, ҳисобро баробар карданд.
Дар ин вохӯрӣ мунтахаби Урдун бо чунин ҳайати бозӣ кард: Омар Шафии, Анас бани Ясин, Иброҳим Завоҳира, Еди Захрон, Аднан Адус, Аҳмад Самир, Баха Абдураҳмон, Абдулло Зиб (Муҳаммад Мустафа), Мунзир абу Амора (Еди Сейфи), Ҳасан Абдуфаттоҳ (Раид Навотир), Ҳамза Дардур (Юсуф Равошида).
Ҳайати намояндагии тими миллии Урдун шаби 7 ба 8 июн бо хатсайри ҳавоии Дубай ба Душанбе омада, дар меҳмонсарои “Шератон” ҷойгир хоҳад шуд.
Рақиби дигари тими миллии мо мунтахаби Бангладеш, ки рӯзи 11 июн мунтахаби Қирғизистонро қабул мекунад, бо мунтахаби Афғонистон бозии санҷишӣ гузаронид. Ин бозӣ низ мусовӣ 1 бар 1 анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври аввали марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Урдун, рӯзи 11 июн дар Варзишгоҳи марказии ҷуҳуриявӣ доир мешавад. Оғози бозӣ соати 20.00.