Рақиби мунтахаби миллии Тоҷикистон дар доираи бозиҳои плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 барои ҳамроҳ шудан ба марҳилаи интихобии гурӯҳии ин сабқат рӯзи 7 апрел маълум мешавад.
Аз рӯи натиҷаи бозиҳои даври ҷамъбастии марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018, дувоздаҳ мунтахабе, ки аз Қораи Осиё муборизаро барои 4,5 роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2018 дар Россия идома медиҳанд, маълум шуданд. Мунтахабҳои Австралия, Арабистони Саудӣ, ИМА, Қатар, Эрон, Хитой, Япония, Сурия, Таиланд, Ироқ, Кореяи Ҷанубӣ ва Узбекистон пешакӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳхат гирифта, муборизаро дар марҳилаи сеюм ва ҷамъбастии интихобии ҶҶ-2018 барои 4,5 роҳхат ба Мундиал-2018 дар Россия идома медиҳанд. Дар ин бахши мусобиқа дастаҳо ба ду гурӯҳи 6 дастагӣ тақсим мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф рост ба ҶҶ-2018 роҳхат гирифта, дастаҳои ҷойҳои сеюм, дар бозиҳои иттисолӣ (стыковие матчи) бо ҳамдигар вомехӯранд. Ғолиб аз рӯи натиҷаи ду бозӣ муайян шуда, дар марҳилаи дуюми бозиҳои иттисолӣ бо дастаи ҷои панҷуми минтақаи Америкаи Ҷанубӣ рақобат мекунад. Ин ҷо низ ғолиб аз рӯи натиҷаи ду бозӣ муайян мешавад. Қобили қайд аст, ки то имрӯз ягон мунтахаби осиёӣ тавассути бозиҳои иттисолӣ соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон нашуда аст.
Мунтахабҳои ҶХДК, Урдун, Умон, Фаластин, Лубнон, Қирғизистон, Ҳонконг, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Мянма, Баҳрайн ва Афғонистон дар марҳилаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 иштирок мекунанд. Бозиҳои марҳилаи мазкур моҳи марти соли оянда шурӯъ мешаванд.
Мунтахаби миллии Тоҷикистон бо даҳ мунтахаби дигар барои ҳамроҳ шудан ба марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар бозиҳои плей-офф ширкат мекунад. Қуръакашии ин бозиҳо рӯзи 7 апрел дар сарситоди Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпури Малайзия доир мешавад. Дар ин қуръакшӣ мунтахаби мо дар сабади якум бо мунтахабҳои Тайбэи Чин, Молдив, Малайзия ва Лаос ҷойгир шудаст. Гӯриҳи дуюмро дар ин марҳилаи мусобиқа мунтахабҳои Ҳиндустон, Яман, Тимори Шарқӣ, Бангладеш ва Камбоҷа ташкил доданд.
Дар даври аввали бозиҳои плей-офф даҳ даста ширкат мекунад. Дастаҳо мувофиқи қуръакашӣ ба ҷуфтҳо созмон дода мешаванд. Панҷ ғолиби бозиҳои плей-офф ба марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2019 роҳхат мегирад. Мунтахаби миллии Тоҷикистон бозии аввали плей-оффи худро рӯзи панҷшанбеи 2 июн дар Душанбе ва бозии ҷавобиро бошад рӯзи сешанбеи 7 июн дар сафар хаҳад гузаронд.
Дар сурати дар ин марҳила комёб нашудан, мунтахаби Тоҷикистон боз як имконияти баромадан ба марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми навбатии Осиёро дорад. Панҷ дастаи мағлуби бозиҳои плей офф ва мунтахаби Бутан, ки мувофиқи Низомномаи баргузории Ҷоми Осиё-2019 аз ин марҳила ба мусобиқа ҳамроҳ мешавад се ҷуфтро ташкил дода дар бозиҳои иттисолӣ вомехӯранд. Се дастаи ғолиб соҳиби роҳхати марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 мешаванд. Фақат се дастаи мағлубшуда аз идомаи мусобиқа ва иштирок дар бонуфузтарин сабқати футболи осиёӣ берун мемонад. Аз ёздаҳ, ҳашт дастаи марҳилаи плей-оффи якум ба 16 мунтахаби марҳилаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 ҳамроҳ мешаванд. Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 бошад 24 мунтахаб ба 6 гурӯҳи 4 дастагӣ тақсим мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф (ҷамъ 12 даста) ба марҳилаи баъдӣ мебароянд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор хоҳад шуд. Инро ҳам бояд қайд намуд, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми навбатии Осиё барои бори аввал 24 мунтахаб иштирок мекунад. Қаблан, дар ин сабқат 16 мунтахаби пурқувваттарини Осиё иштирок мекард.
Ҷоми Осиё – 2019
Мунтахабҳои иштирокчии марҳилаи ниҳоӣ – Австралия, Арабистони Саудӣ, ИМА, Қатар, Хитой, Эрон, Япония, Сурия, Таиланд, Ироқ, Куриёи Ҷанубӣ, Узбекистон.
Мунтахабҳои иштирокчии марҳилаи гурӯҳии интихобӣ – ҶХДК, Урдун, Умон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Ҳонконг, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Мянма, Баҳрайн, Афғонистон.
Мунтахабҳои иштирокчии бозиҳои плей-офф – ТОҶИКИСТОН, Тайбэи Чин, Малдив, Малайзия, Лаос, Ҳиндустон, Яман, Тимори Шарқӣ, Бангладеш, Камбоҷа, Бутан.
Ҷойгиршавии мунтахабҳо пеш аз қуръакашии бозиҳои плей-офф дар сабадҳо:
Сабади 1: ТОҶИКИСТОН, Тайбэи Чинӣ, Молдив, Малайзия, Лаос.
Сабади 2: Ҳиндустон, Яман, Тимори Шарқӣ, Бангладеш, Камбоҷа.
Бозиҳои аввал рӯзи 2 июн ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 7 июн доир мешаванд.