Рақиби мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Иттиҳод-2016 – мунтахаби ҷавонон Россия ҳайаташро барои иширок дар ин мусобиқа номбар кард. Мусобиқа аз 17 то 23 январ дар Санкт-Петербурги Россия доир мешавад.
Дар арафаи баргузории Ҷоми Иттиҳод-2016 мунтахаби ҷавонони Россия бо роҳбарии сармураббӣ Николай Писарев дар Санкт-Петербург ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ мегузаронад. Мунтахаби ҷавонони Россия ҷамъомади омӯзишӣ-машқии худро дар Санкт-Петербург 11–уми январ оғоз мекунад. Ин ҷамъомад то оғози мусобиқа, яъне 17-уми январи дома меёбад. Ба ҷамъомади мазкур ситоди мураббиёни мунтахаби ҷаовнони Россия 22 нафар бозигаронро даъват кардаст.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби ҷавонони Россия бозии аввали худро дар доираи ин мусобиқа рӯзи 17 январ муқобили мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон мегузаронад. Бозӣ дар маҷмааи варзишии «Олимпийский»-и шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 21.00 ба вакти Душанбе.
Ҳайати мунтахаби ҷавонони Россия дар Ҷоми Иттиҳод-2016:
Дарвозабонҳо: Михаил Бородко («Байкал»), Никита Хайкин («Кубан»).
Муҳофизон: Антон Иванов, Иля Сериков (ҳар ду аз «Динамо» СПб), Александр Каляшин («Динамо» М), Максим Карпов («Зенит»), Евгений Кирисов («Домодедово»), Максим Куфтин («Строгино»), Айдар Лисинков («Спартак» М), Александр Серасхов («Сокол»).
Ниммуҳофизон: Темури Букия, Михаил Жабкин, Алексей Сутормин (ҳар се аз «Волгар»), Антон Зинковский, Егор Рудковский (ҳар ду аз «Чертаново»), Аршак Корян («Витесс» Ҳолланд), Давид Милдзихов («Байкал»), Камил Муллин («Сокол»), Иля Петров («Волга»), Никита Саламатов («Зенит»).
Ҳамлагарон: Руслан Болов («Волгар»), Рамил Шейдаев («Зенит»).