Имрӯз, 2-юми июл, рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзиш ҷашн гирифта мешавад. Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ин муносибат тамоми кормандони Васоити Ахбори Оммаро, ки ба журналистикаи варзишӣ алоқамандӣ доранд, самимона табрику муборакбод мекунад. Орзуманди онем, ки хушбахтиву хуррамӣ ва сарбаландиву сарфарозӣ ҳамқадами ҳамешагии ҳар яки Шумо бошад ва ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи мо идома ёбанд. Иди касбиятон муборак бошад!!!
Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзиш муборак бошад!
Добавить комментарий
Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.