Имрӯз, 10 август, дар шаҳри Турсунзода маросими ифтитоҳи ботантанаи якчанд иншооти варзишӣ, аз ҷумла майдончаҳои футболи хурд ва футболи канори соҳилӣ (пляжный футбол) баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ноиби аввали президенти Федератсия Хуршед Файзуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоудин Саломзода иштирок намуданд.
Бо иштироки онҳо се майдончаи футболбозии ду тояш бо сабзаи сунъӣ ва якеи дигараш бо сабзаи табиӣ ва як майдонча барои футболи канорисоҳилӣ ифтитоҳ ёфта, мавриди баҳрабардории наврасону ҷавонони шаҳри Турсунзода қарор дода шуд. Ин иншоотҳо барои баргузории мусобиқаҳои сатҳашон гуногун пешбинӣ шуда, дорои зерсохтори замонавӣ мебошанд. Инчунин, дар дохили ин маҷмааи тозабунёди варзишӣ осорхонаи футболӣ низ таъсис ёфтааст, ки дастовардҳои футболи шаҳри Турсунзодаро дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон фаро мегирад.
Маҷмааҳои нави варзишӣ бо ташаббус ва сарпарастии бевоситаи роҳбари маҷмааи варзишии «Самандар-21» Бобоалӣ Табарзода сохта шудаанд.
Қобили қайд аст, ки ин маҷмааҳои варзишии замонавии навсохт, дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон ба сокинони шаҳри Турсунзода тӯҳфаи арзандае мебошанд. Майдончаҳои футболбозӣ, ки дар онҳо тамоми сол тамрини футбол кардан имкон дорад, на танҳо барои наврасону ҷавонон, балки барои калонсолон низ макони писандида ва тамрингоҳи доимӣ мегардад.