Рӯзи шанбеи 10-уми сентябр ду бозии ҷавобии марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон доир шуд, ки аз рӯи натиҷаи онҳо дастаҳои “Ҳосилот”-и Фархор ва “Равшан”-и Кӯлоб ба бозиҳои нимфиналӣ роҳ ёфтанд.
Бозии байни дастаҳои “Барқчӣ” ва “Ҳосилот” дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе доир шуд. Вохӯрӣ бисёр ҷаззобу шавқовар ва тамошобобу диданӣ сурат гирифт. Мухлисони ба варзишгоҳ омада дар ин бозӣ шоҳиди задани чор гол шуданд, ки дутои он ба дарвозаи соҳибони майдон ва дутои дигараш ба дарвозаи меҳмонони фархорӣ ворид шуд.
Голи якумро дар дақиқаи дуюми бозӣ ниммуҳофизи “Ҳосилот” Иброҳим Рабимов ба самар расонд. Қисми якуми бозӣ бо ҳамин ҳисоб анҷом ёфт. Дар қисми дуюм бозигарони дастаи “Барқчӣ” на танҳо ба баробар кардани ҳисоб муваффақ шуданд, балки голи дуюми худро зада ба сафи пеш низ баромаданд. Голҳоро аъзоёни мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Азиз Бегов ва Кароматулло Саидов ба самар расонданд. Аммо, дар дақиқаи 66-уми вохӯрӣ муҳофизатгари барқчиёни пойтахт Соҳиб Саванкулов бебаророна бозӣ карда, тӯбро вориди дарвозаи дастаи худашон сохт. Барои ба овертайм кашидани бозӣ бошад, ба дружинаи Рустам Хоҷаев боз ду голи дигар зарур буд. Бозии аввали ин дастаҳо дар Фархор бо ҳисоби 4 бар 2 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфта буд. Вале то анҷоми бозӣ бо вуҷуди кӯшишу талошҳои футболбозони ҳарду даста, ҳисоби бозӣ тағйир наёфт.
Ба ин тартиб, командаи Маҳмадҷон Ҳабибуллоев аз рӯи натиҷаи ду бозӣ бо ҳисоби умумии 6 бар 4 пирӯзӣ ёфта, ба бозии ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Қобили қайд аст, ки дар ин вохӯрӣ, дар дақиқаи 67-ум ниммуҳофизи “Ҳосилот”, муаллифи голи якум Иброҳим Рабимов бо сабаби таҳқири ёвари сардовари вохӯрӣ аз майдон хориҷ карда шуд.
Рақиби “Ҳосилот” дар бозии ҷавобии марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои “Хуҷанд” – “Регар-ТадАЗ” маълум мешавад. Ин бозӣ рӯзи 27-уми сентябр дар Варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд доир хоҳад шуд.
Дар бозии дигари марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми миллӣ “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ намояндаи Лигаи якуми Тоҷикистон, дастаи футболи “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдатро қабул кард. Бозӣ бо бартарии пурраи футболбозони кӯлобӣ сурат гирифта, бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи онҳо анҷом ёфт. Голҳои “Равшан”-ро дар ин бозӣ легионери ганагӣ Аквела Канкам дар дақиқаи 43-юм ва Ширинҷон Наимов дар дақиқаи 77-ум ба самар расонданд. Бозии аввали ин дастаҳо дар Ваҳат мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфта буд. Ба ин тартиб, “Равшан” ба бозии нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон-2016 роҳхат гирифт. Дар бозии нимфиналӣ рақиби дастаи футболи шаҳри Кӯлоб чемпиони феълӣ ва барандаи Ҷоми миллӣ “Истиқлол”-и Душанбе аст.
Ҷоми Тоҷикистон-2016. Бозиҳои ҷавобии марҳилаи чорякфиналӣ
«Барқчӣ» – «Ҳосилот» – 2:2
Голҳо: Иброҳим Рабимов, 2 (0:1). Азиз Бегов, 46 (1:1). Кароматулло Саидов, 53 (2:1). Соҳиб Саванкулов, 66 – ба дарвозаи дастаи худ (2:2).
«Барқчӣ» (Душанбе): Беҳрӯз Хайриев, Зиёвуддин Фузайлов (Мунир Давлатбеков, 46), Алишери Ҳотам, Зоир Ҷӯрабоев, Соҳиб Саванкулов, Кароматулло Саидов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Ҳокимҷон Ҳасанов (Отабек Каримов, 88), Муҳаммадҷон Шарипов, Амирҷон Сафаров (Нумон Зокиров, 46), Нуриддин Ҳамроқулов (Азиз Бегов, 46).
«Ҳосилот» (Фархор): Фатҳулло Бобоев, Ойбек Абдуғаффоров, Содиқ Мусо, Эраҷ Раҷабов, Иброҳим Рабимов, Ҳасан Рустамов, Хайрулло Азизов, Ҳикматулло Расулов, Сафаралӣ Каримов, Наврӯз Рустамов (Ҷамшед Умаров, 84), Комил Саидов (Нурулло Маҳмудов, 33, Саидалии Сафаралӣ, 75).
Огоҳонида шуданд: Муҳаммадҷони Ҳасан, Амирҷон Сафаров («Барқчӣ»), Сафаралӣ Каримов, Содиқ Мусо («Ҳосилот»).
Аз майдон хориҷ шуд: Иброҳим Рабимов («Ҳосилот»), 67 – барои таҳқири ёвари сардовари бозӣ.
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Кароматулло Саидов («Барқчӣ»).
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе) – 7,3 хол.
Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
10 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 1000 тамошобин.
Бозии якум – 2:4.
«Равшан» – «Ваҳдат» – 2:0
Голҳо: Аквел Канкам, 43 (1:0). Ширин Наимов, 77 (2:0).
«Равшан» (Кӯлоб): Амирҷон Ҳоҷимуродов, Музаффар Назаров, Фаридун Рустамов, Зарифҷон Рустамов, Далер Шомуродов, Ҳиматулло Малодустов (Ширин Наимов, 77), Зокир Абдулхайров, Сайдамири Сайдаҳмад (Далер Чолов, 53), Аквел Канкам, Гариба Джозеф Долами (Комрони Саидзод, 68), Гание Ишмаел (Аваз Қамчинов, 80).
«Ваҳдат» (Ваҳдат): Мустафо Холназаров, Фирӯз Абдураҳмонов, Абдуҳаким Саидзода, Хуршед Назаров, Маҳмадалӣ Маҳмадраҳимов, Маҳмадалӣ Содиқов, Бахтиёр Ҳалимзода, Муртазо Муродов (Хурсанд Зарипов, 51), Аҳмади Салоҳиддин (Насимҷон Довуд, 73), Илҳом Ортиқов, Абдуллои Исломиддин (Хушбахт Қараев, 66).
Огоҳонида шуданд: Аквел Канкам, Далер Шомуродов («Ҳосилот»), Бахтиёр Ҳалимзода («Вахдат»).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ширин Наимов («Равшан»).
Сардовар: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа) – 8 хол.
Нозири бозӣ: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).
10 сентябр. Восе. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.
Бозии аввал – 0:0.