Имрӯзҳо дар Душанбе мусобиқа оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститктсия идома дорад.
Дар мусобиқа 24 дастаи футболи муассисаҳои таълими умумӣ, муассисаҳои махсуси маълумоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои маълумоташон олии шаҳри Душанбе иштирок доранд. Дар марҳилаи пешакии мусобиқа дастаҳои иштирокчӣ ба 6 гурӯҳи чор дастагӣ тақсим шуданд.
Айни замон ду даври мусобиқа доир шудааст. Мусобиқа узи 5-уми ноябр ҷамъбаст мешавад.