Рӯзи душанбеи 22 май, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии марҳилаи 1/8 финалии Ҷоми Тоҷикистон-2017 доир шуд.
Дар даври ҳаштякфиналии Ҷоми Тоҷикистон 12 даста рақобат мекунад, ки ғолибони ҷуфтҳо ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Чемпиони амалкунанда ва барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе ва ҷоизадори медалҳои нуқраи Лигаи олии кишвар “Ҳосилот”-и Фархор ба мубориза барои Ҷом аз даври чорякниҳоӣ ҳамроҳ мешаванд.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ ҳамаи ҷуфтҳои имсолаи Ҷоми Тоҷикистон маълум шуданд:
«Ҳулбук» (Восеъ) – «Эсхата» (Хуҷанд)
КМВА «Помир» (Душанбе) – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Сомон» (Данғара)
«Зарафшон» (Панҷакент) – «Ваҳдат» (Ваҳдат)
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд)
«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Равшан» (Кӯлоб)
Бозиҳои аввали марҳилаи 1/8 финалии Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 27-28 май, бозиҳои ҷавобӣ бошанд, 1-2 июн барпо мегарданд.
Бар асоси дастури мусобиқа барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC-2018 мушарраф мешавад. Дар мавриди чемпиони кишвар ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидани як бошгоҳ, дар Ҷоми AFC дар мавсими оянда ҷоизадори медалҳои нуқраи мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ ширкат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд. Душанбегиҳо дар бозии ниҳоӣ, ки 4 ноябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар барпо гардид, бар дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 3:2 (ҳисоби умумӣ – 5:4) пирӯз шуданд.