Ҷоми клуби футболи «Истиқлол»: аввалин дастаҳои чорякфиналист маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми клуби футболи «Истиқлол»: аввалин дастаҳои чорякфиналист маълум шуданд

Дар Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни 25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Клуби футболи «Истиқлол» бо ҷоизапулии 70 ҳазор сомонӣ идома дорад.

Рӯзи душабеи 29-уми август чор бозии марҳилаи 1\8 ниҳоии мусобиқа баргузор гардида, дар онҳо аввалин дастаҳои марҳилаи чорякниҳоӣ маълум шуданд.

Аввалӣ шуда ба майдони мусобиқа дастаҳои «Динамо» – «Дилкаш» ва «Амонатбонк» – «Фурудгоҳ» баромаданд. Ба гунае, ки мо интизораш будем, дастаҳои фаворити ин ҷуфтҳо имконияташонро васеъ истифода карда ба пирӯзӣ ноил шуданд. «Динамо», ки дар ҳайати он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода низ баромад мекунад, дар бозии якҳаштниҳоӣ бо ҳисоби 6 бар 3 дастаи «Дилкаш»-ро мағлуб сохта, онро аз мусобиқа берун андохт. Қобили қайд аст, ки дар ин бозӣ голи якумро ба дарвозаи «Дилкаш» Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зад.

Дар бозии дигар «Амонатбанк» бар «Фурудгоҳ» бо ҳисоби 5 бар 1 зафар ёфта ба марҳилаи 1\4 ниҳоӣ роҳхат гирифт. Қисми якуми ин бозӣ бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт. Дар қисми дуюм бошад, банкирҳо ба дарвозаи ҳавонавардони «Фурудгоҳ» 4 голи беҷавоб заданд.

Баъд аз анҷоми ду вохӯрии зикрашон дар боло рафта, дастаҳои «Ориёнбанк» – Суди олӣ ва «Инфосис» – «Антикоррупсия» вориди рақобат шуданд. Вохӯрӣ байни дастаҳои «Ориёнбонк» ва Суди олӣ бисёр шавқовару пуршиддат ҷараён гирифт ва интизор мерафт, ки бо ҳисоби баробари 2 бар 2 поён ёфта, мухлисони сершумор шоҳиди тамошои силсилазарбаҳои пеналти мешаванд. Аммо, дар охирин дақиқаҳои вақти асосӣ банкирҳо ба задании голи ғолибият муваффақ шуда, ба марҳилаи 1/4 ниҳоӣ баромаданд.

Барандаи феълии Ҷоми клуби футболи «Истиқлол» дастаи «Антикорупсия» бошад, аз икониятҳои голзанияш хуб истифода намуд ва бо ҳисоби калони 10 бар 3 дастаи «Инфосис»-ро шикаст дода, соҳиби роҳхати марҳилаи 1\4 ниҳоии сабқати имсола гардид.

Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷаи рӯзи аввали бозиҳои якҳаштниҳоӣ ду ҷуфти марҳилаи 1\4 ниҳоӣ маъдум шуд. Дар ин марҳилаи мусобиқа рӯзи 1-уми сентябр «Динамо» бо «Ориёнбанк» ва «Амонатбанк» бо «Антикоррупсия» вомехӯранд.

Ду ҷуфти дигари марҳилаи 1/4 ниҳоӣ дар чор бозии марҳилаи якҳаштниҳоии мусобиқа, ки бегоҳи рӯзи сешанбеи 30-юми август, доир мегарданд, маълум хоҳанд шуд. Командаи якуми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин қисмати мусобиқа бо «Гумрук» рақобат мекунад. Оғози бозӣ соати 19:00. Мавзуро дар шумораи ояндаамон пайгирӣ мекунем.

 

Ҷоми Клуби футболи «Истиқлол» оид ба футболи хурд:

1/8 финал

Бозии №1

«Динамо» – «Дилкаш» – 6:3

Голҳо: Рамазон Раҳимзода (2), Ҷамшед Исмоилов (2), Хуршед Қодиров, Хуррам Нозирӣ – Эркин Қаҳҳоров, Хуршед Холмуминов.

Бозии №2

«Амонатбанк» – «Фурудгоҳ» – 5:1

Голҳо: И. Олимов (2), Д. Исоев, З. Ҷонмаҳмадзода, Х. Амирҷонов – Иброҳим Умаров.

Бозии №3

«Ориёнбанк« – Суди олӣ – 3:2

Голҳо: Хуршед Саломов (2), Муҳсин Қурбонзода – Ҷамол Ҳусейнзода (2).

Бозии №4

«Инфосис» – «Антикоррупсия» – 3:10

Голҳо: С. Исманқулов (2), Ш. Неъматов – С. Сунатзода (4), Шаҳобиддинзода (4), М. Шарифзода, А. Сафарзода.

30 август (сешанбе)

Бозии №5. «Вавилон» – «Фароз» – 18:00

Бозии №6. «Истиқлол» – «Динамо-2» – 18:00

Бозии №7. «Гумрук» – ФФТ-1 – 19:00

Бозии №8. «Казкомбанк» – «Натсбанк» – 19:00

1/4 финал

1 сентябр (панҷшанбе)

Бозии №1. «Динамо» – «Ориёнбанк» – 18:00

Бозии №2. «Амонатбанк» – «Антикоррупсия» – 18:00

Бозии №3. Ғолиби 5 – Ғолиби 7 – 19:00

Бозии №4. Ғолиби 6 – Ғолиби 8 – 19:00

1/2 финал

4 сентябр (якшанбе)

Бозии №1. Ғолиби 1 – Ғолиби 3 – 18:00

Бозии №2. Ғолиби 2 – Ғолиби 4 – 19:00

7 сентябр (чоршанбе)

Бозӣ барои ҷои сеюм – 18:00

Финал – 19:00

Добавить комментарий