Ҷоми ФФТ-2016: то анҷоми марҳилаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе як давр монд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми ФФТ-2016: то анҷоми марҳилаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе як давр монд

КМВА «Помир»-и Душанбе баъд аз ғалаба бо ҳисоби калони 18:1 бар «Кӯктош»-и Рӯдакӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2016 аз минтақаи Душанбе роҳхат гирифт. Ду дастаи дигари финалист аз ин минтақа дар даври охирини мусобиқа, ки рӯзоҳои 24-25 феврал доир мегарданд, маълум хоҳанд шуд.

 

Ҷоми ФФТ-2016. Марҳилаи пешакӣ

Минтақаи Душанбе. Даври 6-ум

«Регар-ТадАЗ» – «Хайр» – 1:1

«Помир» – «Локомотив» – 2:1

«Барқи тоҷик» – «Истиқлол» – 1:2

«Кӯктош» – КМВА «Помир» – 1:18

 

    Б Ғ М Б Т И
1 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 6 5 1 0 31-4 16
2 КМВА «Помир» (Душанбе) 6 5 0 1 33-5 15
3 «Истиқлол» (Душанбе) 6 3 1 2 17-9 10
4 «Хайр» (Ваҳдат) 6 2 3 1 11-6 9
5 «Помир» (Душанбе) 6 2 2 2 7-14 8
6 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 6 2 2 2 15-27 8
7 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 6 0 1 5 1-23 1
8 «Локомотив» (Душанбе) 6 0 0 6 2-29 0

 

Дар даври 7-ум вомехӯранд:

24 феврал (чоршанбе)

10:30 – «Локомотив» – «Барқи тоҷик»

15:00 – «Хайр» – «Помир»

25 феврал (панҷшанбе)

10:30 – КМВА «Помир» – «Регар-ТадАЗ»

15:00 – «Истиқлол» – «Кӯктош»

Добавить комментарий