Оғози мусобиқа байни дастаҳои футболи занона дар Қайроққум – Федерация Футбола Таджикистана

Оғози мусобиқа байни дастаҳои футболи занона дар Қайроққум

Дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд аз 22 то 25 октябр мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои футболи занонаи кишвар доир мешавад. Дар мусобиқа иштироки ҳашт даста иштирок мекунанд.

Мувофиқи қуръакашӣ ба гурӯҳи «А» дастаҳои футболи занона аз шаҳри  Душанбе ва ноҳияҳои Мастчоҳ, Спитамен ва Зафаробод шомил шуданд. Гурӯҳи «В»-и мусобиқаро дастаҳо аз шаҳрҳои Хуҷанд, Норак, Турсунзода ва инчунин аз ноҳияи Зафаробод  ташкил медиҳанд.

Дар марҳилаи пешакии мусобиқа бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як қисм доир мешаванд. Ғолибони гурӯҳ дар бозии финалӣ ва дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо барои медалҳои биринҷии мусобиқа бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Мувофиқи тартиби баргузории мусобиқа давомнокии бозиҳо ду қисми иборат аз 30 (сӣ) дақиқагӣ муқаррар шудаст.

 

Тақвими бозиҳои мусобиқа:

Даври 1-ум

22 октябр (панҷшанбе)

14:00 – Хуҷанд — Зафаробод

15:00 – Мастчоҳ — Спитамен

16:00 – Норак — Турсунзода

17:00 – Душанбе — Ҷиликул

 

Даври 2-юм

23 октябр (ҷумъа)

9:00 – Мастчоҳ – Ҷиликул

10:00 – Хуҷанд – Турсунзода

11:00 – Душанбе – Спитамен

12:00 – Зафаробод – Норак

 

Даври 3-юм

24 октябр (шанбе)

9:00 – Хуҷанд – Норак

10:00 – Душанбе – Мастчоҳ

11:00 – Турсунзода – Зафаробод

12:00 – Ҷиликул – Спитамен

 

25 октябр (якшанбе)

9:00 – Бозӣ барои ҷои сеюм

10:00 – Финал

Добавить комментарий