Аз 21 то 26 май дар Академияи футболи “Истиқлол”, воқеъ дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор Фестивали футболии Конфедератсияи футболи Осиё барои дастаҳои мунтахаби зери 14-солаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ баргузор мегардад.
Дар ин Фестивал дастаҳои мунтахаби наврасони зери 14 солаи Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Шри-Лааднка, Непал, Покистон ва Ҳиндустон иштирок мекунанд. Ба ғайр аз бозиҳо бо иштироки дастаҳои мунтахаби наврасон, дар доираи чорабиниҳои Фестивали КФО курси доварони ҷавон, имрӯз, 16 май оғоз шуд, ки дар он аз ҳар кишвари иштирокчӣ ду нафар намоянда ширкат мекунад. Шӯъбаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар ин курс Насим Ҳамидов аз Душанбе ва Вафо Қараев аз ноҳияи Шаҳринав муаррифӣ мекунанд. Курси доварон аз машғулиятҳои амаливу назариявӣ иборат аст ва аз ҷониби дастурдиҳандагони соҳибтаҷрибаи КФО Фарҳод Абдуллоев (Узбекистон) ва Ҳусайн Гхадханфер (Кувайт) роҳбарӣ мешавад.
Дар маросими ифтитоҳи курс ҳамоҳангсози генеалии Фестивал дар Тоҷикистон, намояндаи Конфедератсияи футболи Осиё, доктор Шамил Камил Муҳаммад Ал-Джаджанӣ аз давлати Ироқ ширкат карда, ба доварони ҷавон комёбиҳоро тамано намуд. Доктор Шамил Камил дар баромади худ қайд кард, ки доварони ҷавон бозиҳои Фестивалро бо иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони зери 14 солаи давлатҳои иштирокчӣ хизматрасонӣ хоҳанд кард.