Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон! Рӯзи якшанбе, 2-уми апрел дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси»-и шаҳри Душанбе бахшида ба оғози бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 байни бонувон дар гурӯҳи «А» нишасти матбуотӣ доир мегардад.
Ба саволи хабарнигорон сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Ироқ, Баҳрайн, Амороти Муттаҳидаи Араб, Урдун ва Филиппин посух медиҳанд. Пас аз анҷоми конфронси матбуотӣ барои инъикоси бозиҳо ба хабарнигорон бейҷҳои аккредитатсионӣ дода мешаванд.
Оғози нишаст соати 12:00.
Ёдовар мешавем, ки аз 3-юми то 12-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯи «А» бо ширкати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Ироқ, Баҳрайн, Амороти Мутаҳидаи Араб, Урдун ва Филиппин гузаронида мешаванд.