Сармураббии мунтахаби ҷавонони Россия Николай Писарев, баъд аз ғалабаи дастааш бар мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (2:1) дар бозии даври ифтитоҳии Ҷоми Иттиҳод-2016 дар Санкт-Петербург, бартариро ба мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дода, нисбати бозии даста эҳтироми худро баён кард.
«Дар ин бозӣ ҳолати бади функсионалии бозигарони мунтахаби Россия нақши худро гузошт. Ба ин мавзӯ иштибоҳҳои зиёд, қарорҳои нодуруст ва эҳсосоти беҷои онҳо вобастагӣ дорад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро бошад, мехоҳам барои бозии хубаш табрик кунам. Ду бозигари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки ман ин ҷо махсусан номашонро намегирам, бисёр бозигарони сатҳи баланд ҳастанд. Онҳо ба ман хеле маъқул шуданд. Аммо бояд бигӯям, ки имрӯз дар ин бозӣ кори мо андаке омад кард. Дар бораи бозигарони худ бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки онҳо аллакай ба воя расида, бозигарони касбӣ ҳастанд. Бисёрии онҳо дар бошгоҳҳои футболи Лигаи миллии футбол (ЛМФ) ва клубҳои Премер-лига бозӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки бачаҳо нав баъд аз рухсатӣ ба кор шурӯ карданд. Маълум аст, ки дар давоми панҷ рӯз имконияти ба чунин мусобиқа пурра омода шудан мавҷуд нест. Дар қисми дуюм мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳайати даҳнафарӣ ҳам бозӣ карда бошад, аммо дар маркази майдон хеле хуб муҳофизат кард. Дастаи мо бештар аз самти рост ҳамла намуд ва маҳз ин ҳамлаҳо аз самти рост ба мо имкон доданд, ки мақсадамонро амалӣ намоем».