Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) имрӯз, 16 март бо ҳамсолони худ аз Қазоқистон бозии дӯстона гузаронд.
Бозӣ дар варзишгоҳи “Хистеварз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи наврасони тоҷик анҷом ёфт. Дар бозӣ аввалӣ шуда, ҳисобро меҳмонони қазоқистонӣ боз карданд. Аммо шогирдони Зайниддин Раҳимов матонату қавииродагӣ нишон дода ба задани ду гол меваффақ шуданд. Голҳои мунтахаби наврасони моро бозигарони “Помир”-и Душанбе Фаридун Неъматов ва Тоҳир Малодӯстов заданд. Як голи наврасони Қазоқистонро Денис Красноперов ба нишон расонд.
Рӯзи ҷумъаи 18 март мунтахабҳои наврасони Тоҷикистону Қазоқистон боз бо ҳам як бозии дӯстонаи дигар мегузаронанд. Ин бозӣ низ дар варзишгоҳи “Хистеварз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир мешавад. Оғози бозӣ соати 11:00.
Бозии дӯстона
Тоҷикистон (U-16) – Қазоқистон (U-16) – 2:1
Голҳо: Денис Красноперов, 14 (0:1). Фаридун Неъматов, 16 (1:1). Тоҳир Малодӯстов, 19 (2:1).
Тоҷикистон (U-16): Рустам Давлатов, Султоншо Мирзоев, Ҳувайдо Малиев, Манучеҳр Сафаров, Ҳусейн Нурматов, Фаридун Неъматов, Шервони Мабатшоев (Саидмухтор Азимов, 55), Далер Ёдгоров, Рамз Амрохонов, Тоҳир Малодӯстов, Мубинҷон Муминов (Комрон Алиев, 52).
Қазоқистон (U-16): Владислав Саенко, Санҷар Айтим (Аристанбек Мукашов, 31), Алим Илясов, Саги Совет, Руслан Махан (Вадим Сидоров, 54), Султан Сагнаев, Андрей Улшин, Лев Сквортсов, Денис Красноперов, Арман Кенесов, Динмухамед, Кашкен.
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фаридун Неъматов (Тоҷикистон).
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Нозири бозӣ: Аҳлиддин Юнусов (Хуҷанд).
16 март. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи “Хистеварз”.
18 март (ҷумъа)
Оғоз соати 11:00
Тоҷикистон (U-16) – Қазоқистон (U-16)
Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Хистеварз»