Мутахассиси ЛМФ дар семинари КФО иштирок кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мутахассиси ЛМФ дар семинари КФО иштирок кард

Мутахассиси пешбари Лигаи милии футболи Тоҷикистон Бобоҷон Қаландаров дар семинари ҳамасолаи Конфедератсияи футболи Осиё оид ба литсензиякунонии бошгоҳҳои футбол ширкат кард. Семинар рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуд.

Дар семинар намояндагони 24 ассотсиятсия футболи узви КФО иштирок намуда, мавзуи дастовардҳои баъд аз роҳандозӣ шудани онлайн-системаи литсензионикунонии бошгоҳҳои футболро  (Club Licensing Administration System) мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Добавить комментарий