Мусовии «Истиқлол» бо «Тараз» дар бозии санҷишӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Мусовии «Истиқлол» бо «Тараз» дар бозии санҷишӣ

Бозии санҷишии «Истиқлол» бо «Тараз»-и Қазоқистон мусовӣ анҷом ёфт. Вохӯрӣ рӯзи 6 феврал дар майдони тамринии «Титаник», дар Анталияи Туркия баргузор шуд. Чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе бозии дуюми санҷишии худро дар ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ дар Анталяи Туркия  гузаронд. Дар ин спарринги санҷишӣ ҳарифи чемпиони мо дастаи «Тараз» аз премер-лигаи Қазоқистон шуд.

Бозӣ бо ҳисоби баробари 2 бар 2 анҷом ёфт. Дастаҳо дар ҳар қисми бозӣ ба дарвозаи якдигарӣ 1 голӣ заданд. Ҳисоби бозиро дар аввали вохӯрӣ аз пеналтӣ Аҳтам Назаров боз кард. Баъд аз 12 дақиқа қазоқҳо ҳисобро баробар карданд. Қисми аввали бозӣ бо ҳамин ҳисоб анҷом ёфта, дастаҳо ба танафус баромаданд. Дар аввали қисми дуюми бозӣ дружинаи Мубин Эргашев боз ба пеш баромад. Беҳтарин бозигари мавсими футболи соли гузашта, ҳамлагари «Истиқлол» ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 56-ум голи дуюмро ба дарвозаи «Тараз» зад. Панҷ дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосии бозӣ боз фуктболбозони қазоқ ҳисобро баробар карданд. Ҳамин тариқ, вохӯрии дуюми санҷишии «Истиқлол» дар ҷамъомади оммӯзишӣ-машқии Анталя мусовӣ 2 бар 2 анҷом ёфт.

Вохӯрӣ рӯзи 6 феврал дар майдони тамринии «Титаник», дар Анталияи Туркия баргузор шуд.

 

Бозии санҷишӣ

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «ТАРАЗ» (ҚАЗОҚИСТОН) – 2:2

Голҳои «Истиқлол»-ро Аҳтам Назаров дар дақиқаи 7-ум аз пеналти ва дар дақиқаи 56-ум Манучеҳр Ҷалилов ба самар расонданд.

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Қурбоналӣ Бобоев (Никола Стошич, 46), Петро Ковалчук (Сиёвуш Асроров, 46), Давронҷон Эргашев, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Нозим Бобоҷонов, 46), Ҷаҳонгир Алиев (Фатҳулло Фатҳуллоев, 46, Амирҷон Сафаров, 88) Аҳтам Назаров, Нуриддин Давронов (к), Парвизҷон Умарбоев (Акмал Холматов, 46), Дилшод Восиев (Фаридун Шарипов, 46), Александр Каблаш (Манучеҳр Ҷалилов, 46, Зиёвуддин Фузайлов, 83).

Аз майдон хориҷ шуданд: Манучеҳр Ҷалилов, 82, Фатҳулло Фатҳуллоев, 88 бо ҳуқуқи иваз шудан.

6 феврал. Анталя. Майдони тамринии «Титаник».

Добавить комментарий