Мураббии мунтахаби Фаластин: “Бозиҳо бо Тоҷикистон барои мо бисёр муфид шуданд” – Федерация Футбола Таджикистана

Мураббии мунтахаби Фаластин: “Бозиҳо бо Тоҷикистон барои мо бисёр муфид шуданд”

Мураббии калони мунтахаби миллии Фаластин Нуриддин Оул Алӣ дар нишасти хабарии баъд аз анҷоми бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистону Фаластин (3:3) аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Ёдрас мешавем, ки бозии байналмилалии дӯстона байни тимҳои миллии Тоҷикистону Фаластин рӯзи чоршанбеи 5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳузури 16 000 тамошобин доир гардида, бо ҳисоби баробари 3 бар 3 анҷом ёфт.

 

Нуриддин Оулд Алӣ, мураббии калони мунтахаби Фаластин:

– Чунин меҳисобам, ки ду бозии дӯстона дар Ҳеврон ва Душанбе бо мунтахаби миллии Тоҷикистон барои тими миллии мо хеле фоиданок шуданд.  Мунтахаби миллии Тоҷикистон бисёр дастаи пурқувват аст. Мо имрӯз имкон пайдо кардем, ки тавассути ивазкунӣ бисёр бозигаронамонро дар амал бубинем. Хурсандибахш аст, ки бозӣ дар ҳузури мухлисони зиёд доир гардид. Варзишгоҳ қариб ки пур аз тамошобин буд. Мухлисон дар давоми бозӣ бисёр фаъолона мухлисӣ карданд. Бозӣ бисёр шавқовару душвор буд ва боварӣ дорам, ки ба мухлисон писанд омад.  Дар ин бозӣ шаш гол зада шуд. Дар қисми якум дастаи мо хуб бозӣ накард. Дар қисми дуюм бошад ба фикрам бозигарони фаластинӣ фаъолтар буданд. Мо ҳолатҳои зиёди голзаниро созмон додем, вале онҳоро бо гол анҷом кардан муяссарамон нашуд. Дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон ба ман бозигарони рақами 8 (Нуриддин Давронов), 20 (Парвизҷон Умарбоев) ва 21 (Манучеҳр Ҷалилов) писанд омаданд.

Дар охир, бори дигар мехоҳам ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои истиқболи гарму самимонаашон нисбат ба ҳайати намояндагии мунтахаби мо изҳори сипосгузорӣ баён намоям. Ҳама чӣ дар ҳадди олияш буд. Шумо бисёр мардуми меҳмоннавоз ҳастед. Ташаккури зиёд барои меҳмоннавозии наҷибонаатон!

Добавить комментарий