Дар арафаи баргузории бозии даври чоруми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Австралия имрӯз, 7 сентябр, дар меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенси Душанбе” ҷаласаи машваратии намояндагони дастаҳо ва ҳайати хизматрасони бозӣ доир гардид.
Ҷаласаи машваратиро комиссари бозӣ Ти Силинг аз давлати Чин роҳбарӣ намуда, либосҳои бозигарии дастаҳоро тасдиқ кард. Муайян шуд, ки бозигарони мунтахаби миллии Тоҷикистон бо либоси сафед ва бозигарони дастаи меҳмон бо либосҳои зард вориди майдони сабз мешаванд. Дарвозабони мо бо либосҳои рангашон кабуд ва дарвозабони мунтахаби Австралия бо либосҳои рангашон бунафш бозӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои ташкилкунандагони бозӣ, пагоҳ дар варзишгоҳ иштироки бештар аз 19 ҳазор тамошобинон дар назар дошта шудаст. Комиссари бозӣ Ти Силинг қайд намуд, ки ҳамаи хадамоти хизматрасон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани бозӣ масъул мебошанд. Нозири доварон Масуд Муродӣ аз Эрон ба ҳозирин ҳайати доварони бозиро муаррифӣ сохта, ба ҳар ду дастаҳо барору комёбӣ таманно намуд ва инчунин аз онҳо риоя шудани ҳамаи қонунҳои бозии бошарафонаро хоҳиш кард.