Мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон (U-19) омодагиро ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2017 шурӯъ кард. Марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2017 аз 29 октябр то 6 ноябр дар Душанбе хоҳад гузашт.
Ҷамъомади омӯзишӣ-машқии якуми даста то 29 июн дар Норак мегузарад. Сармураббии даста Сулаймон Бобокалонов барои иштирок дар ин чорабинӣ 29 нафр бозигаронро даъват кардаст. Дар ин ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ дастаи мунтахаби футболбоздухтарони мо як бозии санҷишӣ мегузаронад. Рӯзи якшанбеи 26-уми июн бозии санҷишии мунтахаби духтаронаи то синни 19-солаи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби миллии футболи занонаи Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ёдрас мешавем, ки мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо мунтахабҳои бонувони Узбекистон, Тайбэйи Чин, Ҳонконг ва Покистон рақобат мекунад. Бозиҳо дар гурӯҳи “В” аз 29 октябр то 6 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Бозии аввали худро дар доираи ин мусобиқа мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон рӯзи 29 октябр муқобили мунтахаби Покистон мегузаронад. Дар даври дуюм, ки рӯзи 31 октябр доир хоҳад шуд, дастаи мо бо мунтахаби духтаронаи ҳамсоякишвари Узбекистон вомехӯрад. Даври сеюми мусобиқа рӯзи 2 ноябр доир мешавад ва дар ин давр мунтахаби духтаронаи Тайбэйи Чин рақиби футболбоздухтарони тоҷик мешавад. Дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳӣ мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 6 ноябр бо мунтахаби Ҳонконг рӯбарӯ мешавад.
Ёдрас мешавем, ки аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ 18 мунтахаби духтарона ба 2 квартети 4 дастагӣ ва 2 гурӯҳи 5 дастагӣ ҷудо карда шуданд. Танҳо ғолибони гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2017 роҳхат мегиранд. Дастаҳои мунтахаби духтаронаи то синни 19 солаи Ҷопон, ҶХДК, Кореяи Ҷанубӣ ва Хитой ҳамчун беҳтарин дастаҳои сабқати охирини қитаъавӣ, аллакай ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё -2017 роҳ ёфтанд. Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи мазкур ҳамагӣ 8 даста иштирок мекунад.