Мунтахаби Тоҷикистон ба марҳилаи гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 баромад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон ба марҳилаи гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 баромад

Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии дуюми плей-офф низ  бар мунтахаби Бангладеш ғолиб шуд. Ин бор бо ҳисоби минималии 1 бар 0. Натоиҷи умумии ҳисоби бозӣ бошад 6 бар 0 ба фоидаи футболбозони тоҷик шуд. Ба ин тартиб, баъди ғалаба мунтахаби миллии Тоҷикистон ба марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 баромад. Марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 моҳи марти соли 2017 оғоз хоҳад шуд.

Ғалаба дар бозии ҷавобӣ бар мунтахаби Тоҷикистон ба осонӣ даст надод. Бозӣ дар майдони Варзишгоҳи миллии Бангабанду дар Дакка зери борони сахт ҷараён гирифт. Аммо, новобаста ба боронии зиёд ҳар ду дастаҳо бозии хуб нишон доданд.

Дар муқоиса ба бозии якум, ки рӯзи 2-юми июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардида, бо ҳисоби 5 бар 0 ба фоидаи футболбозони  тоҷик анҷом ёфт, сармураббии мунтахаби миллиямон Ҳаким Фузайлов ба ҳайати даста чор тағийрот ворид намуд. Ба ҷои Алишер Додов, Давронҷон Эргашев, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Манучеҳр Ҷалилов аз дақиқаҳои аввали бозӣ, мутаносибан, Абдуазиз Маҳкамов, Сиёвуш Асроров, Табрези Давлатмир ва Аҳтам Ҳамроқулов ба майдон баромаданд. Инро низ бояд қайд кард, ки барои кипери «Олой»-и Оши Қирғизистон Абдуазиз Маҳкамов ва муҳофизатгари «Барқчӣ»-и пойтахт Табрези Давлатмир ин нахустин бозие буд, ки дар ҳайати мунтахаби миллии кишвар бозӣ карданд.

Голи ягона ва ғолибиятро дар дақиқаҳои аввали бозӣ ниммуҳофизи «Истиқлол» Аҳтам Назаров зад. Баъди оне, ки  бозигарони соҳибони майдон қоидаи бозиро  нисбати Парвизҷон Умарбоев вайрон карданд, сардовар Ҳусейн Або Яхая ҷониби дарвозаи мунтахаби Бангладеш зарбаи ҷаримавӣ таъин кард ва Аҳтам онро моирона ба нишон расонд.

Дар вақти боқимондаи бозӣ ҳарчанд бозигарони ҳар ду даста талошу кӯшишҳо карданд ва ҳам лаҳзаҳои қуллайи голзаниро созмон доданд, аммо тағийр додани ҳисоби вохӯрӣ ба ягонтои онҳо муяссар нашуд. Муҳофизон ва бахусус дарвозабонҳои дастаҳо бисёр хубу бехато бозӣ карданд.

Ба ин тартиб, мунтахаби миллии Тоҷикистон ба марҳилаи гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳхат гирифт. Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 моҳи марти соли оянда шурӯъ хоҳад шуд.

Қаблан аз рӯи ҷамъбасти натиҷаи марҳилаи дуюми интихобии чемпионати ҷаҳон-2018 ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 шонздаҳ даста – ҶХДК, Урдун, Уммон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Ҳонконг, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Мянма, Баҳрайн ва Афғонистон баромаданд. Баъд аз ҷамъбасти бозиҳои плей-оффи якуми марҳилаи интихобии  Ҷоми Осиё-2019 боз панҷ мунтахаби дигар – Тоҷикистон, Малайзия, Камбоҷа, Ҳиндустон ва Яман ба 16 дастаи дар боло зикршуда ҳамроҳ шуданд.

Се дастаи боқимондаи марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 тирамоҳи имсол маълум хоҳанд шуд. Ба панҷ дастаи мағлуби бозиҳои плей-оффи якум, мунтахаби Бутан ҳамроҳ шуда, се ҷуфт созмон дода мешавад ва ғолибони ин ҷуфтҳо ба мунтахабҳои иштирокчии марҳилаи гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳамроҳ мешаванд. Бозиҳои плей-оффи дуюм рӯзҳои  6 сентябр ва 11 октябр доир хоҳанд шуд.

Дар марҳилаи гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019  ҳамагӣ 24 мунтахаб ба шаш квартети чор дастагӣ тақсим шуда рақобат мекунанд. Бозиҳо дар хона ва дар майдони ҳариф мегузаранд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф (ҷамъ 12 даста) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳхат мегиранд. Маҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 дар давлати Имороти Муттаҳидаи Араб мегузарад. Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 барои бори аввал аст, ки 24 мунтахаб иштирок хоҳад намуд.

Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 дертар доир мегардад.

 

Ҷоми Осиё-2019. Марҳилаи интихобӣ

Плей-оффи 1. Бозиҳои ҷавобӣ

Бангладеш – ТОҶИКИСТОН – 0:1

Гол: Аҳтам Назаров, 8.

Бангладеш: Ашрафул Ислам Рана, Райнах Хасан, Мохаммад Насир Уддин, Топу Барман, Джамал Буян, Джевел Рана, Мамунул Ислам (Турзо, 83), Мохамад Зибан, Сохел Рана, Мамун Миа, Емон Махмуд (Масук Миа Зони, 89).

Тоҷикистон: Абдуазиз Маҳкамов, Табрези Давлатмир (Манучеҳр Ахмедов, 73), Эраҷ Раҷабов (Далерҷон Тухтасунов, 46), Умедҷон Шарипов, Нуриддин Давронов, Ҷаонгир Эргашев, Амирбек Ҷӯрабоев, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Парвизҷон Умарбоев, Аҳтам Ҳамроқулов (Манучеҳр Ҷалилов, 46).

Огоҳонида шуданд: Джамал Буян, Джевел Рана (Бангладеш), Умедҷон Шарипов, Аҳтам Назаров (Тоҷикистон).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Нуриддин Давронов (Тоҷикистон).

Сардовар: Хуссейн Або Ехия (Ливан).

Нозири доварон: Валтер Эдвард Перейра (Ҳиндустон).

Комиссари бозӣ: Рашид Махбуб Ал-Досари (Катар).

7 июн. Дакка. Варзишгоҳи миллии Бангабанду. 800 тамошобинон.

Бозии аввал – 0:5.

 

Тимори Шарқӣ – Малайзия – 0:3

Бозии аввал – 0:3.

 

Камбоҷа – Тайбэйи Чин – 2:0

Бозии аввал – 2:2.

 

Ҳиндустон – Лаос – 6:1

Бозии аввал – 1:0.

 

Яман – Молдив

Бозии аввал – 2:0.

 

Плей-офф 2. Бозиҳои якум

6 сентябр (сешанбе)

Малдив – Лаос

Бангладеш – Бутан

Тимори Шарқӣ – Тайбэйи Чин

 

Плей-офф 2. Бозиҳои дуюм

11 октябя (сешанбе)

Лаос – Малдив

Бутан – Бангладеш

Тайбэйи Чин – Тимори Шарқӣ

 

Ҷоми Осиё-2019

Иштирокчиёни марҳилаи ниҳоии мусобиқ – Австралия, Арабистони Саудӣ, ИМА, Қатар, Хитой, Эрон, Япония, Сурия, Таиланд, Ироқ, Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон.

Иштирокчиёни марҳилаи гурӯҳии сабқати интихобӣ – ҶХДК, Урдун, Уммон, Лубнон, Фаластин, Кирғизистон, Ҳонконг, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Мянма, Баҳрайн, Афғонистон, ТОҶИКИСТОН, Ҳиндустон, Малайзия, Камбоҷа, Яман.

Добавить комментарий