Мунтахаби миллии Тоҷикистон ба бозии даври ҷамъбастии марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 дар гурӯҳи “В” муқобили тими миллии Қирғизистон омодагӣ мегирад. Бозӣ рӯзи 29 март, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад.
Дар муқоиса нисбат ба бозӣ бо Австралия (0:7) дар ҳайати мунтахаби миллии мо тағйирот ҳаст. Ситоди мураббиёни мунтахаби миллӣ ба таври иловагӣ дарвозабонҳо Алишер Додов (“Регар-ТадАЗ”), Абдуазиз Маҳкамов («Алай», Қирғизистон), муҳофизон Ҳасан Рустамов (“Хуҷанд”), ниммуҳофизон Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев (ҳар ду аз “Истиқлол”), Амирбек Ҷӯрабоев (“Барқчӣ”) ва ҳамлагар Аҳтам Ҳамроқуловро (“Вахш”) даъват намуд.
Баъди бозгашт аз Аделаида аз ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон панҷ нафар бозигарон – дарвозабон Қурбоналӣ Бобоев, муҳофизатгарон Аҳтам Назаров (лат бардошт), Далерҷон Тухтасунов (ду корти зард дорад), ниммуҳофиз Фирӯз Қараев ва ҳамлагар Давронҷон Тухтасунов ҷавоб дода шуданд.
Ба ин тартиб, айни замон ба бозӣ муқобили Қирғизистон 20 нафар бозигарон – 3 дарвозабон, 6 муҳофизатгар, 8 ниммуҳофизатгар ва 3 ҳамлагар омодагӣ мегиранд. Имрӯз соати 17:00 мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ машғулиятҳои тамринии худро гузаронд.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба бозӣ муқобили Қирғизистон:
Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Хуҷанд»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Абдуазиз Маҳкамов («Алай», Қирғизистон);
Муҳофизон: Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Давронҷон Эргашев (ҳама аз “Истиқлол”), Манучеҳр Ахмедов, Эраҷ Раҷабов, Ҳасан Рустамов (ҳама аз “Хуҷанд”);
Ниммуҳофизон: Хуршед Маҳмудов, Амирбек Ҷӯрабоев (ҳар ду аз “Барқчӣ”), Нуриддин Давронов, Фаридун Шарипов, Ҷаҳонгир Алиев, Дилшод Восиев, Парвизҷон Умарбоев, Фатҳулло Фатҳуллоев (ҳама аз “Истиқлол”);
Ҳамлагарон: Комил Саидов (“Барқчӣ”), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”).