Рақиби дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии ниҳоии Ҷоми президенти Қазоқистон маълум шуд. Дар бозии ниҳоии ин сабқати байналмилалӣ дар Шимкент дружинаи Зайниддин Раҳимов бо соҳибони майдон – мунтахаби наврасони Қазоқистон рақобат мекунад. Бозии ниҳоӣ пагоҳ, 12-уми август, дар соати 16.30 бо вақти Душанбе баргузор мешавад.
Ёдрас мешавем, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа се бозӣ гузаронда, бар мунтахабҳои наврасони Русия (6:0) ва Эрон (2:1) пирӯзӣ ёфт ва як бозиро бо мунтахаби наврасони Озарбойҷон мусовӣ (2:2) анҷом кард ва дар гурӯҳи “В” бо ҳафт имтиёз зинаи якумро ишғол намуд.
Ёдрас мешавем, ки ҷоизапулии ин мусобиқа 15 ҳазор доллари ИМАро ташкил медиҳад. Барандаи Ҷоми президенти Қазоқистон 7 ҳазор доллар мегирад. Ғолибони мақомҳои ду ва се мутаносибан бо 5 ва 3 ҳазор долларӣ мукофотонида мешаванд.
Ҷоми президенти Қазоқистон -2016
Гурӯҳи «В»
Даври 1-ум
Русия-2 – ТОҶИКИСТОН – 0:6
Эрон – Озарбойҷон – 3:0
Даври 2-юм
ТОҶИКИСТОН – Озарбойҷон – 2:2
Русия -2 – Эрон – 0:10
Даври 3-юм
ТОҶИКИСТОН – Эрон – 2:1
Русия -2 – Озарбойҷон – 1:12
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | ТОҶИКИСТОН | 3 | 2 | 1 | 0 | 10-3 | 7 |
2 | Эрон | 3 | 2 | 0 | 1 | 11-2 | 6 |
3 | Озарбойҷон | 3 | 1 | 1 | 1 | 14-6 | 4 |
4 | Русия-2 | 3 | 0 | 0 | 3 | 1-28 | 0 |
Гуруҳи «А»
Даври 1-ум
Албания – «Крузейро» (Қазоқисстон) – 0:0
Қазоқистон – Қирғизистон – 2:1
Даври 2-юм
Албания – Қирғизисстон – 1:0
Қазоқистон – «Крузейро» (Қазоқистон) – 4:0
Даври 3-юм
«Крузейро» (Қазоқистон) – Қирғизистон – 0:5
Қазоқистон – Албания – 1:0
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | Қазоқис тон | 3 | 3 | 0 | 0 | 7-1 | 9 |
2 | Албания | 3 | 1 | 1 | 1 | 1-1 | 4 |
3 | Қирғизистон | 3 | 1 | 0 | 2 | 6-3 | 3 |
4 | «Крузейро» | 3 | 0 | 1 | 2 | 0-9 | 1 |
12 август (ҷумъа)
Бозӣ барои ҷои 7-ум
9:00 – «Крузейро» – Русия-2
Бозӣ барои ҷои 5-ум
9:00 – Қирғизистон – Озарбойҷон
Бозӣ барои ҷои 3-юм
9:00 – Албания – Эрон
Финал
16:30 – Қазоқистон – ТОҶИКИСТОН