Ҳайати намояндагии мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 ба пойтахти Қатар, шаҳри Доха расид.
Дастаи мо ба Доха тавассути хатсайри ҳавоии Душанбе-Дубай-Доха саффар намуд. Айни замон дастаи Зайниддин Раҳимов дар меҳмонхонаи “Миллениум” ҷойгир шудааст.
Баъди истироҳат ва баровардани мондагии роҳ, даста соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ тамрини аввалини худро мегузаронад.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби наврасони тоҷик дар доираи ин мусобиқа бозии аввали худро рӯзи 16 сентябр бо мунтахаби наврасони Ироқ мегузаронад. Дар даври дуюми рақобатҳо, ки рӯзи 18 сентябр доир мегардад, мунтахаби наврасони мо бо ҳамсолони туркманашон рӯбарӯ мешаванд. Дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии мусобиқа бошад наврасони тоҷик рӯзи 20 сентябр бо соҳибони майдон вомехӯранд. Ҳамаи бозиҳо дар ин квартет дар Варзишгоҳи «Aspire Dome Indoor Stadium» -и Доха баргузор мешаванд.
Ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 ғолибони ёздаҳ гурӯҳи марҳилаи интихобӣ ва чор дастаи ҷои дуюми нишондиҳандаи беҳтар дошта роҳхат мегиранд.
Ҳайати мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон барои иштирок дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2016:
Дарвозабонҳо: Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Хисрав Раҳимов («Саройкамар»), Меҳвар Сулаймонов («Помир»);
Муҳофизон: Ваҳдат Ханонов, Шаҳром Абдуллоев (хар ду аз «Истиқлол»), Султоншо Мирзоев, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Ҳусейн Нурматов, Амир Иброҳимов, Манучеҳр Сафаров, Ҳувайдо Малиев (ҳама аз «Помир»);
Ниммуҳофизон: Саидмухтор Азимов, Аслам Камолов, Шервони Мабатшоев, Фаридун Неъматов, Искандар Солиев («Помир»), Зиёвуддин Фузайлов («Истиқлол»);
Ҳамлагарон: Мубинҷон Муминов, Рамз Амрохонов, Аваз Қамчинов, Тоҳир Малодустов, Шаҳзод Давлатов («Помир»), Далер Ёдгоров («Истиқлол»).
Ҳайати роҳбарикунанда: Анваршо Мирзоев – роҳбари ҳайати намояндагӣ, Улуғбек Каримов – менеҷер, Зайниддин Раҳимов – сармураббӣ, Сафаралӣ Раҳмонов – мураббии калон, Амоншо Содатсайров – мураббии дарвозабонҳо, Баҳодур Носиров – духтур, Бахтиёр Маҷидов – маъмур.
Тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 байни наврасони зери 16-сола дар гурӯҳи «С»:
Даври 1-ум
16 сентябр (чоршанбе)
18:00 – Қатар – Туркманистон
21:00 – ТОҶИКИСТОН – Ироқ
Даври 2-юм
18 сентябр (ҷумъа)
18:00 – Туркманистон – ТОҶИКИСТОН
21:00 – Ироқ – Қатар
Даври 3-юм
20 сентябр (якшанбе)
18:00 – Қатар – ТОҶИКИСТОН
21:00 – Ироқ – Туркманистон
Эзоҳ: Соати бозиҳо бо вақти Душанбе