Мунтахаби миллии футболи занонаи Тоҷикистон барои бори аввал дар таърихи дхуд шомили раддабандии Федератсияи футболи умумиҷаҳонӣ (ФИФА) шуд.
Баъд аз иштироки худ дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар Душанбе доир гардида буд, мунтахаби миллии футболи занонаи Тоҷикисчтон ба ин феҳрист шомил шуд. Дар ин марҳилаи интихобӣ мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон панҷ бозӣ гузаронида, дар яктои он бар Ироқ (1:0) пирӯз шуд ва дар чор бозии боқимонда аз Баҳрайн (0:4), Филиппин (0:8), Урдун (2:10) ва ИМА (0:1) мағлуб гашт.
Дар раддабандии ФИФА мунтахаби миллии футболи занонаи Тоҷикистон бо 1018 имтиёз мақоми 108 ишғол мекунад.