Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) тамринашро дар Дубай анҷом кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) тамринашро дар Дубай анҷом кард

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ҷамъомади омӯзишиву машқиии дувоздаҳрӯзаашро дар Дубай анҷом кард.

Ҳадаф аз баргузории ин ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ, омодагии ҳамаҷониба ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 дар Баҳрайн буд. Дар Дубай мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо мунтахаби ҷавонони Имороти Муттаҳиддаи Араб ду бозии санҷишӣ (0:3, 1:1) гузаронд.

Баъди бозгашт ба Душанбе бозигарони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба клубҳои худ мераванд ва оғози моҳи октябр барои гузаронидани ҷамъомади омӯзишӣ-машқии ҷамъбастӣ ба давлати Қатар сафар мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё байни мунтахабҳои ҷавонони то синни 19 сола дар давлати Баҳрайн иштирок мекунад. Мусобиқа аз 13 то 30 октябр доир мешавад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷӣкистон дар гурӯҳи «D» баромад мекунад. Дар ин гурӯҳ мунтахабҳои ҷавонони Узбекистона (15 октябр), Чин (18 октябр) ва Австралия (21 октябр) рақибони ҷавонони мо мебошанд.

Добавить комментарий