Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи “F”, ки аз 2 то 6 октябр дар Душанбе баргузор мегардад, мунтахаби ҷавонони зери 19 солаи Тоҷикистон, таҳти роҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров рӯзи 16 сентябр дар Теҳрон бо мунтахаби ҷавонони Эрон бозии аввалини санҷишии худро гузаронид.
Бозӣ пуршиддату шавқовар ҷараён гирифта, бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи дастаи соҳибони майдон анҷом ёфт. Голҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро Худойдод Узоқов ва Амирҷон Сафаров ба самар расонданд. Голҳои мунтахаби ҷавонони Эронро бошад Омид Нурафкан, Нима Доғистонӣ ва Нима Маҳтарӣ заданд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ин бозиро бо чунин ҳайат гузаронд:Шаҳром Исмоилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Шарипов (Отабек Каримов), Алишер Сафаров (капитан), Худойдод Узоқов (Саидҷон Шарипов), Кароматулло Саидов (Суннатулло Холов), Табрези Давлатмир, Наврӯз Абдул (Абубакр Азимов), Қувватбек Равшанбеков (Алишер Баротов), Ҳиматулло Малодӯстов (Амирҷон Сафаров), Муҳаммадҷони Ҳасан (Мунир Давлатбеков).
Рӯзи шанбеи 19 сентябр мунтахабҳои ҷавонони Эрону Тоҷикистон бори дигар бо ҳам вориди рақобат мешавад ва дружинаи Салоҳиддин Ғафуров имконият пайдо мекунад, ки бохти бозии аввалро ҷуброн кунад.
Қобили қайд аст, ки ин ҷамъомади омӯзишӣ-машқии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Эрон, бо мақсади баромади бомуваффақияти даста дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 гузаронида мешавад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ин мусобиқа дар гурӯҳи “F” бо ҳамсолони худ аз давлатҳои Ироқ (2 октябр), Баҳрайн (4 октябр) ва Молдив (6 октябр) рақобат мекунад. Марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи “F” аз 2 то 6 октябр дар Душанбе мегузарад.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 соли оянда дар Баҳрайн баргузор мешавад. Ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа ғолибони гурӯҳ ва панҷ дастаи нишондиҳандаҳояшон беҳтари ҷои дуюм роҳхат мегиранд.
Агар мунтахаби Баҳрайн, ки мизбони марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа мебошад, дар гурӯҳ ҷои аввалро соҳиб шавад ва ё ба қатори панҷ дастаи ҷои дуюми нишондиҳандаашон беҳтари гурӯҳҳо шомил гардад, он гоҳ дастаи шашуми нишондиҳандааш беҳтар ба марҳилаи финалии сабқат роҳ меёбад.