Мунтахабҳои ҷавонони Ироқ, Баҳрайн ва Малдив ба душанбе омаданд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахабҳои ҷавонони Ироқ, Баҳрайн ва Малдив ба душанбе омаданд

Субҳи имрӯз тавассути хатсайри ҳавоии Дубай ҳайати намояндагии дастаҳои мунтахаби ҷавонони Ироқ, Баҳрайн ва Малдив ҷиҳати иштирок дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи “F” ба Душанбе омаданд. Мусобиқа аз 2 то 6 октябр дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Ба ғайр аз дастаҳои меҳмон, ба пойтахти кишвар тавассути хатсайри ҳавоии Дубай ҳайати хизматрасони ин мусобиқа – киммиссар, нозирон ва доварон ҳам ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дастаҳои меҳмон ва ҳайати намояндагии хизматрасони бозиҳои мусобиқаро кормандони Федератсияи футболи мамлакат истиқбол карданд. Айни замон дастаҳои мунтахаби ҷавонони Ироқ, Баҳрайн ва Малдив дар меҳмонхонаи Тоҷикистон ва ҳайати хизматрасони бозиҳо дар меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенси Душанбе” ҷойгир шудаанд, ки давоми будубоши худ дар Тоҷикистон он ҷо истиқомат хоҳанд кард.

Мусобиқа соати 15.00-и рӯзи ҷумъаи 2 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо бозӣ байни мунтахабҳои ҷавонони зери 19 солаи Баҳрайн ва Малдив  оғоз мешавад. Соати 18.00 бошад мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Ироқ вориди рақобат мешаванд.

Ҳамаи мухлисонро ба тамошои бозиҳои шавқовари ин сабқати бонуфузи байналмилалӣ даъват мекунем!

Қобили қайд аст, ки ширкатҳои “Мегафон”, “Тоҷи Заррин” ва “Iamdifferent” ҳамкорони расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар баргузории марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи “F”-и мусобиқа дар Душанбе мебошанд.

 

Тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё2016 байни ҷавонони зери 19 сола дар гурӯҳи “F:

Даври 1-ум

2 октябр (ҷумъа)

15:00 – Баҳрайн – Малдив

18:00 – Ироқ – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 2-юм

4 октябр (якшанбе)

15:00 – Малдив – Ироқ

18:00 – ТОҶИКИСТОН – Баҳрайн

 

Даври 3-юм

6 октябр (якшанбе)

15:00 – Ироқ– Баҳрайн

18:00 – Малдив – ТОҶИКИСТОН

Добавить комментарий