Дар арафаи баргузории бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 дар квартети “В” байни “Истиқлол” (Тоҷикистон) ва “Нафт Ал-васат” (Ироқ” дар меҳмонхонаи “Ҳайатт Риҷенси Душанбе” нишасти хабарӣ баргузор гардид. Сармураббии “Истиқлол”Мубин Эргашевро дар ин нишасти хабарӣ ниммуҳофизи даста Парвизҷон Умарбоев ҳамроҳӣ намуд.
Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол”:
– Ба назар чунин мерасад, ки ҳама футболи калонро пазмон шуданд. Баъди он нобарориҳое, ки мунтахаби миллӣ ва дастаи моро пайгирӣ доранд, чунин фикр мекунам, ки тамошои бозии пагоҳ мароқангезу шақовар хоҳад шуд. Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи мухлисонро ба варзишгоҳ ба дастгирии дастаи худамон даъват менамоям.
Дар бораи дастаи ҳариф чӣ гуфта метавонам? “Нафит Ал-васат” рақиби сазовор ва ҷиддӣ аст. Мо ба бозӣ муқобили вай омодагӣ мегирем. Мутаассифона, ду нафар бозигарони калидии “Истиқлол” бо сабаби зиёд будани кортҳои зардашон дар бозӣ иштирок карда наметавонанд. Аммо дар мо бозигароне ҳастанд, ки онҳоро иваз намоянд. Мо бохабар ҳастем, ки айни ҳол “Нафит Ал-Васат” дар чемпионати Ироқ бисёр хуб баромад дорад. Даста дар ду бозии охир пайдарҳам ғалаба ба даст даровард. Ва инро низ медонем, ки “Нафит..” ба Тоҷикистон бо ҳайати пуррааш омада ба бозӣ омодагии ҷиддӣ гирифтаст. Мо низ ҷиддӣ омодаем ва мехоҳем, ки ғолиб шуда, хотири мухлисони худро шод гардонем.
– “Истиқлол” имсол ҳайаташро хеле ҷавон кард. Шумо боварӣ доред, ки бо ин ҳайат вазифаҳои бузургро ҳал созед?
– Роҳбарияти бошгоҳи футболи мо дар роҳи дуруст қарор дорад. Аздусар дер ё зуд ин корро кардан лозим буд. Фикр мекунам, ки роҳбарони мо ба оянда назар доранд, ки он баромади мунтахаби миллӣ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё мебошад. Барои ин вақт ва сабр лозим аст. Ин бачаҳо бошанд, худашонро нишон медиҳанд.
Парвизҷон Умарбоев, ниммуҳофизи “Истиқлол”:
– Агар ба ҷадвали гурӯҳ нигоҳ кунем, дар бозии пагоҳ танҳо ғалаба карданамон лозим аст. Мехоҳем ғалабаро ба мухлисон, ба онҳое, ки моро ҳаводорӣ мекунанд тақдим кунем. Пагоҳ моро бисёр бозии мушкил интизор аст. Умед дорам, ки мо мақсади худро амалӣ мекунем ва натиҷаи дилхоҳро соҳиб мешавем.