Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Мубин Эргашев ин ҳафта дар Конфронси якуми Конфедератсияи футболи Осиё барои мураббиёни тимҳои миллии давлатҳои осиёӣ дар Куала-Лумпури Малайзия ширкат кард. Дар Куала-Лумпур Мубин Эргашев дар мусоҳибааш бо ВАО –и австралиягӣ назари худро нисбати бозии дар пеш истодаи даври чоруми марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 бо тими миллии Авсиралия баён сохт.
“Мунтахаби Австралия дастаи муташакилу хеле хуб созмонёфта аст. Мо хурсандем, ки бо чунин даста вомехӯрем. Барои Тоҷикистон бозӣ бо Австралия имтиҳони навбатист. Мо медонем, ки бароямон мушкил мешавад. Австралия бисёр дастаи пурқувват мебошад. Аммо ман ба бачаҳои худ ва ба дастгирии мухлисони худамон боварӣ дорам. Дар варзишгоҳ муҳит хеле зебо хоҳад шуд ва мо ҳам кӯшиш мекунем, ки футболи зеборо нишон диҳем”, – гуфт Эргашев.
Мутахассиси 42-солаи тоҷик тасмим дорад, ки муқобили мунтхаби Австралия дар футболи кушода бозӣ кардан лозим нест. “Муқобили Австралия футболи кушода бозӣ кардан – ин худкушист. Мунтахаби Австралия дастаи муташаккил ва хуб созмонёфта мебошад. Чемпиони амалкунандаи Осиё аст. Мо дар хонаи худ бозӣ мекунем ва кӯшиш мекунем, ки бозии сазовор ва натиҷаи баландтаринро нишон диҳем”.
Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон ба суолҳои ВАО-и австралиягӣ посух дода, иброз намуд, ки Австралия ва Урдун дар гурӯҳ фаворит маҳсуб меёбанд. “ Ҳар як даста мехоҳад марҳилаи гурӯҳиро дар зинаи якум ва ё дуюм анҷом карда, ба марҳилаи баъдӣ барояд ва муборизаро барои роҳхат ба ҶҶ-2018 идома диҳад. Мо бояд мулоҳизакор (реалист) бошем. Австралия ва Урдун пурқувваттарин дастаҳои гурӯҳи мо ҳастанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо ба осонӣ мунтахабҳои моро пушти сар мекунанд. Мо аз бозӣ то бозӣ омодагӣ дида, дар охир ба чӣ натиҷа расиданамонро хоҳем дид”.
Мубин Эргашев инчунин назари худро нисбати ситораи футболи Австралия ҳамлагар Тим Кехилл низ баён кард. “Мо медонем, ки Кэхилл бисёр бозигари хуб ва ботаҷриба аст. Дар премер-лигаи Англия бозӣ кардааст. Мо бояд ӯро дар ҳадди имкониятамон боздорем. Аммо чӣ гуна боздоштани ӯро ман албатта ба шумо намегӯям”.
Ҳаминро илова мекунем, ки бозии даври чоруми марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Австралия, рӯзи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 18.00 доир мешавад.