Мубин Эргашев: “Кӯшиш мекунем, ки бозии хуб нишон диҳем” – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев: “Кӯшиш мекунем, ки бозии хуб нишон диҳем”

Имрӯз, 12 октябр, дар меҳмонхонаи “Реҷенси Палас”-и Амман дар арафаи бозии даври шашуми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Урдуну Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” нишасти хабарӣ доир гардид. Дар ин нишасти хабарӣ и.в. сармураббии мантахаби миллии Тоҷикистон Мубин Эргашевро муҳофизатгари даста Давронҷон Эргашев ҳамроҳӣ кард.   

Мубин Эргашев, и.в. сармураббии тими миллии Тоҷикистон:

– Урдун яке аз дастаҳои пешсафи гурӯҳи мо мебошад ва фикр мекунам, ки бисёриҳо дар бозии пагоҳ бартариятро ба мунтахаби соҳибони майдон медиҳанд. Ҳайати мунтахаби Урдун хеле қавӣ аст ва бисёрии бозигаронаш дар бошгоҳҳои футболи маъруфи осиёӣ баромад мекунанд.

Айни замон ҳар ду даста ҳолатҳои мутафовути  равониро сипарӣ мекунанд. Ғалабаҳои  ахирии мунтахаби миллии Урдун, дар бозии дӯстона бо Ироқ (3:0) ва дар даври гузаштаи марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 бар чемпиони феълии Осиё, мунтахаби Австралия собит сохтанд, ки даста имрӯз дар ҳолати хуби омодагии ҷисмонӣ қарор дорад. Мутаассифона, дар даври гузашта мо дар сонияҳои охири бозӣ ғалбаро бар мунтахаби миллии Қирғизистон аз даст раҳо кардем. Бар замми ин, дар Бишкек яке аз муҳофизони ҳайати асосии дастаи мо Фарҳод Восиев корти сурх гирифт ва ниммуҳофизатгари марказиямон Нуриддин Давронов осеб бардошт. Мо ба ин бозигарони худ умеди калон доштем. Дар ҳар сурат мо кӯшиш мекунем, ки бозии хуб нишон диҳем. Дар футбол бошад, ҳама чӣ шуданаш имкон дорад.

Давронҷон Эргашев, муҳофизатгари мунтахаби миллии Тоҷикистон:

– Ман чунин мешуморам, ки мунтахаби Урдун ба қатори панҷ дастаи пурҷувваттарини қораи Осиё шомил мешавад. Бозии ахирӣ бо Австралия далели ин гуфтаҳост. Пагоҳ моро бозии мушкил дар пеш аст. Ман боварӣ дорам, ки ин бозӣ на танҳо барои мо, балки барои мунтахаби Урдун ҳам мушкил мешавад. Мо барои соҳиб шудан ба имтиёз, ҷаҳду талош хоҳем кард. Дар бораи натиҷаи дигар, ҳатто  фикр ҳам намекунем.

Добавить комментарий