Конфронси серӯзаи ба тарзи худ якум барои Конфедератсия, қариб, ки ҳамаи сармураббиёни мунтахабҳои миллӣ ва директорони техникии ассотсиатсияҳои аъзои КФО-ро ҷиҳати иштирок ҷалб намуд.
Дар Конфронс сармураббии мунтахаби Австралия Ангелос Постекоглу, сармураббии мунтахаби Эрон, мутахассиси португалӣ Карлос Кейруш ва сармураббии мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб Маҳдӣ Алӣ баромад мекунанд. Зери сарварии аввалӣ мунтахаби Австралия ғолиби Ҷоми Осиё-2015 гардида, ахирӣ бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб дар ин сабқати бонуфуз медалҳои биринҷиро соҳиб шуд.
Ба итилои торнамои расмии КФО ташаббускори баргузории Конфронс Энди Роксбург аст. Мавсуф моҳи марти соли ҷорӣ ба вазифаи директори техникии Конфедератсияи футболи Осиё таъин гардид. Қаблан ин мутахассиси шотландӣ солҳои тӯлонӣ вазифаи директори техникии Иттиҳоди футболи Аврупоро ба ӯҳда дошт.
Дар маросими ифтитоҳи Конфронс раиси кумитаи техникии КФО, ноиби президенти ФИФА Козо Ташима ва иҷрокунандаи вазифаи дабири кулли КФО Виндзор Ҷон ширкат мекунанд.
Мураббии собиқи мунтахаби миллии Фаронса Жерар Уле дар Конфронс ба ҳайси спикер ширкат мекунад. Бояд гуфт, ки зери роҳбарии ӯ клуби футболи англисии “Ливерпул” Ҷоми УЕФА, Ҷоми Англия ва Ҷоми лигаи Англияро соҳиб шудаст.