Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Мубин Эргашев назари худро нисбати бохти дастааш дар бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В”-и қораи Осиё аз мунтахаби Австралия (0:3) баён сохт.
“Пеш аз ҳама ба мухлисон барои дастгириашон изҳори сипос мекунам. Аз бачаҳо бошад барои худфидоияшон миннатдорам, онҳо имрӯз ҷаҳду талоши зиёд карданд. То дақиқаи 55-ум бачаҳо дастури моро барои ин бозӣ ба ҷо оварданд, вале баъдан аз иҷрои ин вазифа каме дур шуданд, ки ин барои мо бо “фоҷиа” хотима ёфт, яъне се гол хӯрдем. Хатои мо дар он буд, ки баъди гол хӯрдан, бахусус пас аз голи дувум, бачаҳо ба пеш давида, бозиро наҷот доданӣ шуданд. Дар яке аз мусоҳибаҳои қаблӣ ман гуфта будам, ки ба муқобили Австралия дар футболи кушод бозӣ кардан бемаъно аст. Дар қисми аввали бозӣ бачаҳои мо ба хатогӣ роҳ надоданд. Ҳам дар хати муҳофизат ва ҳам дар маркази майдон дилпурона бозӣ карданд. Дар иҷро кардани корнерҳо ҳам австалиягиҳо нисбати мо афзалият доштанд, аммо ба чизе муваффақ нашуданд. Мунтахаби Австралия имрӯз каме ба тарзи дигар бозӣ кард. Ман бозии онҳоро бо мунтахаби Қирғизистон тамошо кардам. Дар он бозӣ қирғизҳо ба он тарзе бозӣ карданд, ки Австралия имрӯз бо мо бозӣ карданд. Дар Бишкек бозӣ дар майдони сабзааш доир шуд, ки сифати он ба назарам он қадар хуб набуд. Ин ҷо бошад мо дар майдони сабзааш сунъӣ, ки сифаташ хеле хуб аст, бозӣ кардем. Бозигарони мунтахаби Австралия аз лиҳози техникӣ бисёр маҳорати баланд доранд ва дар майдони ҳамвор хеле хуб тӯбронӣ мекунанд. Медонам, ки нисбати ҳайати аввалии мунтахаби миллӣ суолҳо зиёд мешаванд. Бисёриҳо хоҳанд гуфт, ки боз ҳам бо дар он бештари бозигарони “Истиқлол” бозӣ мекунанд. Аммо агар ман имкони бори дигар бо Австарлия бозӣ карданро медоштам, боз ҳам бо ҳамин ҳайати имрӯза ба майдон мебаромадам. Айни замон Восиев ва Фатҳуллоев дар амплуаҳои худ беҳтарин бозигар ҳастанд. Шумо дидед, ки ҳам Дилшод ва ҳам Фатҳулло то охир ҷаҳду талоши зиёд карданд. Албатта ба баъзе хатогиҳо ҳам роҳ доданд, аммо оне иштибоҳ намекунад, ки умуман ҳеҷ кореро намекунад. Дар нақшаи мо чандин бозигарони ҷавоне ҳастанд, ки мо албатта онҳоро дар оянда ба ҳайати мунтахаби миллӣ даъват мекунем”, –гуфт, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Мубин Эргашев.