Рӯзи чоршанбеи 10 июн дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Тоҷ Палас”-и Душанбе пеш аз нахустин бозии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии ҶҶ-2018 бо тими миллии Урдун нишасти хабарӣ барпо гардид.
Нахуст Аҳмад Абдулқодир, сармураббии тими миллии Урдун, ба хабарнигорон чунин гуфт: “Ин бозӣ барои мо хеле муҳим аст. Ин бозии кушодашавии сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё дар қораи Осиё мебошад. Дар сабқати гурӯҳӣ ҳар як даста барои ғалаба мубориза мебарад, зеро ки аз даст додани имтиёзҳо дар даври ниҳоӣ гарон меафтад. Шумо шояд донед, ки мунтахаби Урдун солҳои ахир хеле пешрафт кардааст. Бахусус дар мусобиқаи пешини Ҷоми ҷаҳон барои ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтан ҳамагӣ як қадам монда буд. Вале афсӯс, ки аз он маҳрум шудем. Ман бори дувум аст, ки ба Тоҷикистон меоям. Бори аввал бо дастаи “Зот Рас” муқобили “Равшан” дар Ҷоми АФК бозӣ карда будем. Дар бораи мунтахаби Тоҷикистон маълумоти кофӣ дорам. Кӯшиш мекунем, ки дар ин бозӣ се имтиёз ба даст биёрем. Мо медонем, ки солҳои охир футбол дар кишвари шумо рушд кардааст. Ман таманно мекунам, ки ин бозӣ бозии хуб шавад. Он чизе ки ман дар фикр доштам, амалӣ гардад ва аз ин бозӣ се имтиёз ба даст биёрем”.
Баъдан дар ин нишаст Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, чунин иброз дошт: “Бозӣ бисёр вазнин мешавад. Бо ин бозӣ давраи интихобии Ҷоми ҷаҳон оғоз меёбад. Рақибамон хеле ҷиддист. Мо ба ин бозӣ хуб омодагӣ гирифтем ва умедворем, ки корамон омад мекунад. Дар бораи рақибамон иттилои кофӣ дорем. Бозиҳои мунтахаби Урдунро, аз он ҷумла бо мунтахаби Лубнон тамошо кардем, нақшаи бозиашонро омӯхтем. Ба ҳайати дастаи мо аз ҳама бештар – 16 нафар аз “Истиқлол”-и Душанбе даъват шудаанд ва онҳо дар Ҷоми АФК таҷоруби хуби байналмилалӣ касб кардаанд. Барои ширкат дар ин бозӣ, инчунин ду легионер – ҳимоятгарон Фарҳод Восиев аз «Газовик»-и Оренбурги Русия ва Давронҷон Эргашевро аз «Жетису»-и Қазоқистон – даъват намудем. Вазифаи мо дар сабқати интихобӣ роҳ ёфтан ба даври баъдии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 мебошад. Мо ба дастгирии мухлисон, ки бозигари 12-уми даста ба шумор мераванд, ниёз дорем ва онҳоро ба Варзишгоҳи марказии Душанбе даъват менамоем. Мо тамоми қуввваро баҳри ғалаба сарф мекунем”.
Инчунин Фарҳод Восиев, ҳимоятгари мунтахаби миллии Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, “мунтахаби Урдун ҳарифи сазовор ва хуб аст. Мо ба ин бозӣ ҳамаҷониба омода шудем, аз ҳариф наметарсем, вале эҳтиромаш мекунем. Ин бозии аввалин аст ва ба ҷуз пирӯзӣ моро дигар натиҷа қаноатманд карда наметавонад”.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври аввали марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Урдун, рӯзи 11 июн дар Варзишгоҳи марказии ҷуҳуриявӣ доир мешавад. Оғози бозӣ соати 20.00.