Дар арафаи баргузории бозии дўстона миёни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Сурия, имрўз, 30-юми март дар меҳмонхонаи «Хаятт Риҷенси Душанбе» нишасти хабарӣ баргузор шуд, ки дар он ба суолҳои хабарнигорон сармураббиёни дастаҳо Муҳсин Муҳаммадиев ва Фаҷр Иброҳим, инчунин бозигарон – Нуриддин Давронов ва Мосаб Бахлус посух доданд.
Аввалӣ шуда ба суолҳои хабарнигорон сармураббии тими миллии Сурия – Фаҷр Иброҳим посух гуфта, аз ҷумла қайд карданд, ки:
«Ман аз бори аввал дар Тоҷикистон буданам бисёр шод ҳастам. Мехоҳам сипосгузории самимонаи худро ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои истиқболи самимонаашон баён созам . Қабл омадан ба ин ҷо, мо бо мунтахаби Урдун бозии дўстона гузаронидем ва бо ҳисоби 1 бар 0 пирўз шудем. Пеш аз оғозии марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 ман мехоҳам ҳайати дастаро дар бозиҳои дўстона санҷиш кунам. Фикр мекунам шумо алакай медонед, ки бисёрии аъзоёни тими миллии Сурия дар хориҷи кишвар баромад мекунанд ва бо ин сабаб, мо дар интихоби ҳайати даста ҳеҷ мушкилӣ надорем. Мо ба ин ҷо бо мақсади ғалаба кардан омадем ва барои амалӣ кардани мақсади худ тамоми қувваамонро сарф мекунем. то ки бо сари баланд ба хонаи худ баргардем. Мутаассифона, дар бораи тими миллии Тоҷикистон маълумоти кофӣ надорем. Мо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия гузашт баромада натавонистем. Аз ин рў, барои баромадан ба Ҷоми Осиё-2019 дар Қатар ва марҳилаи ниҳоии ҶҶ-2018 дар Русия кўшиш мекунем. Чунин мешуморам, ки барои амалӣ кардан ин нақшаҳоямон тамоми имкониятҳоро дорем. Зеро бозигарони мо таҷрибаи зиёди баромад дар мусобиқаҳои байналмилалиро доранд ва ҳам дар хориҷи кишвар бозӣ мекунанд. Бозигаронамон рўҳан хеле қавӣ ҳастанд», – гуфт сармураббии мунтахаби Сурия Фаҷр Иброҳим.
Мосаб БАХЛУС, дарвозабони тими миллии Сурия:
– Тими миллии Тоҷикистон бисёр ҳарифи хубу пурқувват аст. Ва бозии пагоҳ на танҳо барои дастаи ман, балки шахсан барои худи ман бисёр муҳим аст. Мо мақсади ғолиб шуданро дорем ва ман боварӣ дорам, ки ба он муваффақ мешавем.
Сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев ба нишасти хабарӣ якҷоя бо ниммуҳофизатгари даста Нуридин Давронов омад. Табиист, ки хабарнигорон пурсишҳоро аз роҳбари даста оғоз карданд.
Муҳсин МУҲАММАДИЕВ, сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон:
– Фикр мекунам, ҳамаи шумо медонед, ки мунтахаби Сурия ҳарифи пурқуввату муносиб аст. Мо шодем, ки онҳо барои ба ин ҷо омадан ва бозӣ кардан бо мо, розӣ шуданд. Интизор меравад, ки бозии пагоҳ бисёр шавқовар мешавад. Мутаассифона, боду ҳаво як каме моро нороҳат кард, аммо боварӣ дорам мухлисони асил барои дастгирии мо ба варзишгоҳ меоянд ва бозии шавқоварро тамошо мекунанд.
– Ҳамкасбатон, роҳбари мунтахаби Сурия гуфт, ки дар бораи дастаи шумо маълумоте надорад. Шумо дар ин мавзў чӣ мегўед?
– Мо ба ҳар бозӣ омодагии ҷидӣ мегирем. Ҳарифонро ҷиддӣ меомўзем. Шукри худо ба мо имконият шуд, ки якчанд бозиро бо иштироки мунтахаби Сурия тамошо кунем. Гарчанде ду бозӣ кўҳна ва дўстона буда, онҳо охири соли гузашта доир шуданд, як бозии охирии Сурия бо Урдун буд. Ман чунин мешуморам, ки Сурия дастаи пурқувват аст ва футбол хеле босуръату замонавиро бозӣ мекунад. Гузашта аз ин, шумораи зиёди бозигарони мунтахаби Сурия берун аз кишвар баромад мекунанд. Такрор мекунам, ки Сурия бисёр тими пурқувват аст ва бозигаронаш бо суръати ниҳоят тез бозӣ мекунад. Ҳамин тавр, мо барои бозӣ бо Сурия ҷиддӣ омодагӣ гирифтем.
– Мутаассифона, дар чор бозии қаблӣ мунтахаби миллии мо аз Сурия мағлуб шудааст. Оё шумо калиди муваффақиятро дар даст доред?
– Агар калиди муваффақият дар дасти ман мешуд, он гоҳ насабам Моуриню мебуд. Дар куҷо будани он калиди тиллоиро донистан хеле душвор аст. Ҳамааш пагоҳ саоати ҳашт маълум мешавад.
– Барои чӣ дар бозӣ бо Сурия легионерҳо, аз ҷумла Фарҳод Восиев даъват нашуданд?
– Оиди Восиев ман шахсан бо сармураббии «Газовик» дар тамос шудам. Онҳо дирўз дар Сахалин бозӣ карданд. Бозӣ мусовӣ – 0:0 анҷом шуд. Парвозҳои дуру дароз ва мондашавии зиёди Фарҳодро ба инобат гирифта, ўро даъват накардем.Даврон Эргашевро бошад, даъват кардем ва ў аллакай ба даста ҳамроҳ шудаст.
– Барои чӣ Акмал Холматов ба мунтахаби миллӣ ҷалб намешавад? Пештар ў аз мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ мекард…
– Дар ҳуҷатгузории шиносномавии Акмал Холматов баъзе мушкилиҳо ҷой доранд. Мо кўшиш мекунем, ки онҳоро қаноатбахш баррасӣ кунем. Дар рўйхати кушоди номзадҳои мунтахаби миллӣ Акмал Холматов дохил аст.
Нуриддин ДАВРОНОВ, ниммуҳофизи мунтахаби миллии Тоҷикистон:
– Пагоҳ моро бозии мураккаб интизор аст. Мунтахаби Сурия яке аз дастаҳои пурқуввати Қораи Осиё маҳсуб мешавад, ки футболи босифаро бозӣ мекунад. Бо назардошти ҳамаи ин, мо ба бозии фардо ҷиддӣ омодагӣ гирифтем. Зери дастгирии мухлисон мо кўшиш мекунем, ки бозии хуб нишон дода, ба муваффақият ноил гардем.