Медиа-семинари АФК барои кормандони дафари матбуоти клубҳо дар Душанбе – Федерация Футбола Таджикистана

Медиа-семинари АФК барои кормандони дафари матбуоти клубҳо дар Душанбе

Дар доираи барномаҳои рушди лигаҳои футболи АФК рӯзи чоршанбеи 10-уми август, дар меҳмонхонаи «Хаятт Риҷенси Душанбе» семинарии байналмилалӣ барои кормандони дафтари матбуоти клубҳои футболи Тоҷикистон доир гардид.

Дар семинар кормандони дафтари матбуоти клубҳои футболи Тоҷикистон ва рӯзноманигорони соҳаи варзиши кишвар иштирок намуданд. Чорабиниро директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон ва мутахассиси рушди Конфедератсияи футболи Осиё Йогеш Десаи ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар кори семинар, инчунин роҳбари медиа-департаменти Конфедератсияи футболи Осиё Эмилия Хинкканен аз Финландия иштирок кард. Эмилия Хинкканен таҷрибаи фаъолият дар УЕФА-ро низ дорад. Дар семинар паҳлуҳои гуногуни фаъолияти дафтари матбуоти клубҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Эмилия Хинкканен иштирокчиёни семинарро ба вазифаву масъулияти дафтарҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО, шароит ва қоидаҳои баргузории бозиҳои футбол, гузаронидани нишастҳои хабарӣ ва дигар чорабиниҳои матбуотӣ ошно намуд.

Дар семинар мавзуҳои пайваста паҳн намудани хабарҳо, ташкил кардани робита тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили Facebook, Twitter, Instagram ва дигар шабакаҳо таҳлил шуданд. Иштирокчиёни семинар, қайд карданд, ки дар шароити имрӯза шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз беҳтарин усулҳои корбарӣ барои саривақт паҳн намудани хабарҳо ва ҷалби мухлисон ба нишастгоҳи варзишгоҳҳо мебошанд.

«Чорабинӣ дар фазои бисёр хуби корӣ сурат гирифт, – мегӯяд роҳбари дафтари матбуоти клуби футболи «Истиқлол» – Рустам Ҳакимов. Дар семинар мавзуҳои бисёр ҷолиби фаъолияти дафтарҳои матбуоти клубҳо мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтанд. Умедворам, ки чунин семинарҳои муфид дар Тоҷикистон зуд-зуд баргузор мешаванд. Онҳо кори дафтарҳои матбуоти клубҳои футболи Тоҷикистонро беҳтар мегардонанд».

Добавить комментарий