Дар шаҳри Душанбе машғулиятҳо аз рӯи лоиҳаи «Футзал дар мактабҳо» барои омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ки бо иқдоми ФФТ, Федеартсияи футболи шаҳри Душанбе (ФФД), Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумтати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ба анҷом расид.
Роҳбари ФФД Анваршо Мирзоев қайд намуд, ки «Футбол дар Тоҷикистон солҳои ахир ба суръати баланд тараққӣ меёбад ва мо дар «Соли ҷавонон» лоиҳаи «Футзал дар мактабҳо»-ро дар амал пиёда кардем. Дар мусобиқаҳо ширкат карда, ҳар як хонанда орзу мекунад, ки соҳиби Ҷом гардад, мусобиқаҳо бохту пирӯзӣ доранд, гоҳе маъюс мешванду гоҳи дигар хурсанд, онҳо дар ин муҳит ҳачун варзишгар ва шахсият месабзанд. Боварӣ дорам, ки мусобиқаҳо ҷолибу шавқовар ва дар рӯҳияи баланди варзишӣ мегузаранд. Ба ҳамаи омӯзгороне, ки дар ин машғулиятҳо иштирок карданд, изҳори минатдорӣ мекунам ва ба онҳо комёбиҳо орзу менамоям»-афзуд, Анваршо Мирзоев.
Сармутахассиси Идораи таҳсилоти умумии Вазорати маориф ва илми мамлакат Вайсиддин Исмоилов аз ин иқдом изҳори қаноатманди карда, аз ривоҷу равнақи футбол дар мактабҳо баён кард ва афзуд, ки лоиҳаи «Футзал дар мактабҳо» ягона лоиҳаи ҳамкорӣ бо ФФТ ва ФФД набуда, гузаронидани бисёр чорабиниҳои варзишӣ дар оянда дар назар аст.
Дар ин машғулиятҳо 83-нафар муаллимони фанни табияи ҷисмонӣ иштирок карда, бо либосҳои варзишӣ ва тӯбҳои футзал ва футбол, инчунин китобҳо ва қоидаҳои футзал муҷаҳҳаз шуданд.